spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Департаменти ИМА: Дар Тоҷикистон барои ҳиҷобу риш ба кор қабул намекунанд


Дар гузориши Департаменти давлатии ИМА оид ба озодии мазҳаб дар ҷаҳон гуфта мешавад, сарфи назар аз ҷониби Сарқонуни Тоҷикистон ҳифз шудани озодии динӣ, дигар асноди қонунгузорӣ ва сиёсати роҳандозишуда дар кишвар ин озодиро маҳдуд месозанд.

Бино ба иттилои хабаргузории Ca-News бо истинод ба маълумоти Департаменти давлатии ИМА, ҳукумати Тоҷикистон як қатор аз ин маҳдудиятҳоро мавриди амал қарор дода, тамоили бад шудани риоя ва ҳифзи ҳуқуқ ба озодии мазҳабро зоҳир намуд.

Дар гузориш зикр мегардад, ки айни замон танҳо мардони калонсол барои ибодат ба масҷидҳо мераванд ва ба сабту фаъолияти як қатор муассисаҳои динӣ иҷозат дода нашуда, онҳо баста шудаанд.

«Ҳукумат то ҳанӯз аз баргузории расму оинҳо ва фаъолияти чанде аз гурӯҳҳо, ки ба эътиқоди ҳукуматдорон, афкору ғояҳои бегонаро таблиғ намуда, ба тартиботи ҷамъиятӣ халал эҷод месозанд, изҳори нигроанӣ менамояд, – гуфта мешавад дар гузориш. – Дар бораи суистеъмол ва поймол гардидани ҳуқуқҳо аз рӯйи нишонаи мазҳаб ва эътиқод хабарҳо мунташир гардида буданд. Чанде аз занони ҳиҷобпӯш ва мардони ришдор ҳангоми қабул ба кор мавриди табъиз қарор гирифтаанд».

Бино ба маълумоти коршиносони маҳаллӣ, беш аз 90%-и аҳолии Тоҷикистонро мусулмонон ташкил медиҳад. Аксари аҳолӣ мусулмони равияи суннӣ ва пайрави мазҳаби ҳанафия буда, тақрибан 4%-и мусулмонони равияи шиа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иқомат доранд. Дар кишвар ҳудуди 3366 масҷиди намози панҷгона ва 345 масҷиди ҷомеъ фаъолият дорад. Ғайр аз ин, дар ҷумҳурӣ 75 созмонҳои динии ғайримусулмонӣ амал мекунанд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...