Имрӯз дар Тоҷикистон Ҳафтаи ҷаҳонии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон оғоз гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии ЮНИСЕФ (Хазинаи кӯдакони СММ) дар Тоҷикистон хабар доданд, ин чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи маърифатӣ-санитарии аҳолӣ, таъмини иштироки бевоситаи аҳолӣ дар амалисозии сиёсати ҳукумат дар бахши ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон, ба муносибаи таҷлили ҳафтаи умумиҷаҳонии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон таҳти шиори «Таҷрибаи гузашта – нақшаи оянда» ва ҷашни 10-солагии стратегияи глобалии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва ЮНИСЕФ баргузор мешавад. Чорабини то 10-уми август идома меёбад.
Ба иттилои манбаъ, таҷлили ҳафтаи умумиҷаҳонии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар баргузор гардида, ҳамчунин дар рӯзҳои таҷлили ин ҳафта гузаронидани семинарҳои таълимӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ дар мавзӯи «Аҳамияти шири модар» ва сӯҳбату вохӯриҳо бо аҳолӣ дар назар аст.
Зикр гардид, ки оид ба дастовардҳо ва мушкилот дар ин соҳа конфронсҳо баргузор гардида, дар шабакаҳои телевизион ва радио оид ба мавзӯи ҳимояи табиии кӯдакон барномаҳо сабту таҳия мешаванд.
Қобили зикр аст, ки Ҳафтаи ҷаҳонии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон рӯзҳои 1-7-уми август дар беш аз 120 кишвари дунё таҷлил мегардад. Бино ба маълумоти коршиносони соҳа, кӯдаконе, ки муддати 6 моҳи аввали зиндагиашон аз шири модар баҳравар мешаванд, нисбат ба кӯдакони аз шири модар маҳрум ва бо ғизои кӯдаконаи сунъӣ фарогирифта 2,5 маротиба камтар ба бемориҳо гирифтор ва 25 маротиба камтар аз ҳар гуна бемориҳо мефавтанд.