Шурӯъ аз 1-уми август дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаҳои яке аз хабаргузориҳои бузургтарини Русия – РИА «Новости» ва сомонаи хабаргузории маъруф дар Тоҷикистон – «Азия-Плюс» қатъ гардид. Қобили зикр аст, ки дар ду моҳи ахир маротибаи сеюм аст, ки дастрасӣ ба сомонаи «Азия-Плюс» қатъ карда мешавад.
Субҳи имрӯз аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ба ширкатҳои фароҳамгари интернети ҷумҳурӣ супориши дахлдор ирсол шудааст. Дар ширкатҳои мазкур мегӯянд, дар мактуби Хадамоти алоқа қатъи дастрасӣ бинобар сабаби «корҳои техникӣ ва профилактикӣ» шарҳ дода шудааст.
«Ин қатъкуниҳои пай дар пайи дастрасӣ аз 24-уми июл, аз замони оғози амалиёти махсус дар Хоруғ идома дорад. Қариб ҳар рӯз мо нишониҳои нави сомонаҳои интернетӣ барои қатъи дастрасиро мегирем», – зикр карданд дар яке аз ширкатҳои фароҳамсози хизматгузориҳои интернет.
«Идораи хабаргузорӣ тасмим гирифт, ки дигар бо сардори Хадамоти алоқа ҳеҷ гуфтушуниде анҷом нахоҳад дод, зеро ин маъние надорад. Мо ният дорем, ки ин масъаларо дар сатҳи дигар ва бо тарзи дигар ҳаллу фасл намоем. Аз таҷриба аён гардид, ки аз гуфтушунид ҳеҷ натиҷае ҳосил намегардад. Қаблан бо ҷаноби Зуҳуров мо ба мувофиқа расида будем, ки ҳдди ақал моро аз қатъи дастрасӣ ба сомона огоҳ мекунанд, вале ягон маротиба ҳодиса чунин сурат нагирифт. Тавре ба мо маълум аст, қарори қатъи дастрасӣ ба сомона на аз ҷониби вазорату идораи алоҳида, балки аз ҷониби мақомоти судӣ қабул мегардад. Гузашта аз ин, айни замон ба мо зарари молӣ расонида мешавад, зеро ба таври комил аз иҷрои уҳдадориҳоямон дар нади шарикон баромада наметавонем. Хисороти маънавӣ ба мо дар он ифода меёбад, ки ба обрӯву нуфузи мо зарар расонида шуда истодааст. Ва аз ҳама муҳим, дастнорас будани сомонаҳо аҳолиро аз дастрасии озод ба иттилоот маҳрум менамояд, ки ба он дар Сарқонуни ҶТ кафолат дода шудааст,», – мегӯяд дар ин робита директори иҷроияи ОИ «Азия-Плюс» Зебо Тоҷибоева.
Чанд рӯз қабл ҳамчунин дастрасӣ ба сомонаҳои шабакаи телевизионии русиягии «Вести» ва хабаргузориҳои «Фергана», «Памир-вести» ва «Лента.ру» низ қатъ гардида буд. Ҳамчунин сомонаи видеохостинги YouTube ва сомонаи ба он монанди маҳаллии TajTube низ дастнорас аст. Чанде қабл, рӯзи 31-уми июл дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории Би-Би-Сӣ барқарор гардид.