Санаи 12-уми август дар пойтахти Русия – шаҳри Маскав миёни муҳоҷирини тоҷик озмуни қориёни ҚУръон баргузор мешавад. Озмун аз ҷониби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Русия созмон дода мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари иттифоқ Иззат Амон хабар дод, озмун аз рӯйи ду номинатсия – ҳифз (азёд донистани Қуръон) ва таҷвид (қироати дурусти Қуръон) гузаронида шуда, ғолибон бо мукофотплӣ ва туҳфаҳо қадрдонӣ мешаванд. Дар ҳар кадоме аз номинатсияҳо ғолибон бо 1 ҳазор доллари ИМА мукофопулӣ, ноутбук ва роҳхат ба ҳаҷ сарфароз гардонида шуда, барои ҷойи дуюм 1 ҳазор долари ИМА мукофопулӣ ва телевизор ва барои ишғоли ҷойи сеюм 700 доллари ИМА ва телевизор тақдим крда мешавад.
«Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Русия дар шаш шаҳри Русия намояндагии худро дошта, онҳо иштпиркчиёни озмунро интихоб мекунанд. Айни замон ҷиҳати иштирок дар озмун ҳудуди 90 нафар муҳоҷирини кории тоҷики муқими Русия интихоб шудаанд», – зикр кард Иззат Амон.
Номбурда гуфт, ба сифати доварон дар озмун намояндагони Миср, Шӯрои муфтиёти Русия ва ҳофизи Қуръон аз Ҳисор қорӣ Фатҳуллохон даъват шудаанд.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи июли соли равон Шӯрои уламои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Озмуни байнулмилалии қориёни Қуръони кишварҳои узви ИДМ-ро доир намуд. Дар озмун 42 нафар қориёни Қӯръони аз 6 то 25-сола аз кишварҳои ИДМ ширкат варзиданд. Аз 15 ҷоизаи озмун 9 ҷоиза ба қориёни Қуръон аз Тоҷикистон тақдим гардид.
Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода он замон изҳор карда буд, ки аъзои ҳакамон аз Арабистони Саудӣ ва Қувайт зимни машварат зикр кардаанд, ки онҳо бо маҳорати қориёни зиёде ошно ҳастанд, вале чунин қориён ба монанди қориёни тоҷикро қариб вонахӯрдаанд ва ҳатто дар кишварҳои арабӣ низ дарёфт кардани чунин қориён хеле мушкил аст.