Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва раиси Шӯрои уламои вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода бо аҳли оилаи афсарону сарбозони ҳалокшуда дар амалиёти низомии Хоруғ аз вилояти Суғд мулоқот карда, ба онҳо ҳамдардӣ изҳор намуданд.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда онҳо аҳли оилаи фавтидагон – афсари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, сокини деҳоти Қаермаи ноҳияи Шаҳристон Шуҳрат Отабоеви 32-сола ва аҳли оилаву наздикони сокини деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ, прапоршик Абдумаҷид Назарови 23-соларо зиёрат намуданд.
Раиси вилоят ва раиси Шӯрои уламои вилоят ҳамчунин ба аҳли оила ва наздикони сарбози 20-сола, сокини ҷамоати Шинги ноҳияи Панҷакент Фирдавс Раҳимов низ ҳамдардӣ изҳор карданд.
Бино ба маълумоти расмӣ, дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар Хоруғ 18 нафар афсарону сарбозони нерӯҳои ҳукумат ва 20 тан аз ҷангиёни ҷониби мухолиф ба ҳалокат расиданд. Миёни аҳолии осоишта низ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шудааст.