Мақомоти шаҳрдории Душанбе ният дорад, ки то ахири сол боз 150 микроавтобуси нави мусофирбар харидорӣ намояд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси пойтахт Абдулҳақ Оев хабар дод, охири ҳамин моҳ натиҷаҳои тендери эълоншуда аз ҷониби мақомоти шаҳрдорӣ оид ба ин масъала ҷамъбаст карда хоҳанд шуд.
«Маълумот дар бораи кишвари истеҳсолкунандаи воситаҳои нақлиёти мусофирбар ва нархи харидории онҳо пас аз ҷамъбасти натиҷаҳои тендер маълум мегарданд», – гуфт муовини раиси шаҳри Душанбе.
Номбурда афзуд, дар пойтахт ин микроавтобусҳо шурӯъ аз соли 2013 мавриди истифода қарор мегиранд.