Соли нави хониш дар макотиби олии Тоҷикистон 30 ихтисоси нав мавриди омӯзиш қарор хоҳанд гирифт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати маълумоти касбӣ ва пасаздипломии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Алидод Расулов хабар дод, вазири маорифи кишвар Нуриддин Саидов ба мақомоти раҳбарии макотиби олӣ супориш додааст, ки бо назардошти талаботи бозори меҳнат омӯзиши ин ихтисосҳоро ба роҳ монанд.
Ба гуфтаи вай, омӯзиши ихтисосҳои нав дар Донишгоҳи миллӣ, Донишкадхои забон, иқтисод, тиҷорат, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ва ҳамчунин дар Донишгоҳҳои давлатии шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ба роҳ монда мешавад. «Ихтисосҳои нав ба бахшҳои иқтисод, техника ва технология дахл доранд», – гуфт ӯ.
Расулов зикр кард, ки мутобиқи нақша, соли 2012 макотиби олии ҷумҳурӣ 30 ҳазору 200 нафар донишҷӯёнро қабул мекунанд. «Аз ин шумор 11 ҳазору 100 нафар донишҷӯён дар бахши буҷетӣ таҳсил хоҳанд кард», – иброз дошт номбурда.
Қобили зикр аст, ки шумори хатмкардагони макотиби таҳсилоти умумӣ дар соли 2012 беш аз 101 ҳазор нафарро ташкил дод. Соли равон барои таҳсил дар мактабҳои олии кишвар 1 ҳазору 185 адад квотаи президентӣ ҷудо шуд, ки нисбат ба соли гузашта 35 адад бештар аст.
Намояндаи Вазорати маориф таъкид кард, ки соли ҷорӣ дар ҳеҷ кадоме аз макотиби олии ҷумҳурӣ нархи таҳсил боло бурда нахоҳад шуд. Бино ба маълумоти вазорати мазкур, айни замон дар Тоҷикистон 30 мактаби олӣ фаъолият доранд.