Ахири моҳи октябр дар шаҳри Белокурихаи кишвари Олтойи Русия баргузории Ҳамоиши ҷавонони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба масоили соҳибкорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бино ба маълумоти Котиботи Шӯрои ҷавонони СҲШ, пешниҳоди баргузории ҳамоиш аз ҷониби президенти Русия Владимир Путин дастгирӣ ёфтааст. Корҳои тадорукотии чорабинӣ бо мусоидати намояндаи ваколатдори президенти Русия дар Ҳавзаи федералии Сибир, намояндаи махсуси президенти Русия дар умури СҲШ, губернатори кишвари Олтой ва ҳамчунин як қатор мақомоти давлатии Русия – Вазорати корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод, маорифу илм, мухобироти оммавӣ ва алоқа, саноату савдо ва Агентии федералӣ оид ба сайёҳӣ сурат мегиранд.
Пуштибонӣ аз рушди соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории хурду миёна ва ба тиҷорат ҳамоҳанг сохтани фаъолияти ихтироъкорон аз ҳадафҳои аслии ҳамоиши мазкур унвон мешаванд. Дар ин чорабинии дурӯза аз гирдиҳам омадани беш аз 500 нафар иштирокчиён интизорӣ меравад.
Дар барномаи рӯзи аввал маърӯза ва муаррифии таҷрибаи соҳибкорони муваффақтарин дар паҳнои СҲШ пешниҳод мегардад.
Дар барномаи рӯзи дуюм фаъолият дар самтҳои гуногун, аз ҷумла бахшҳои маориф, рушди технологияҳои иттилоотӣ дар минтақаи Уқкёнуси Ором ва Осиё, тиҷорати электронӣ, кишоварзӣ ва энергетика пешбинӣ шудааст.
Дар бахши «Маориф» баррасии масъалаи рӯзмарраву муҳим будани таҳияи барномаи махсус дар соҳаи расмиёти тиҷорати маъмурӣ дар доираи Донишгоҳи СҲШ ва муаррифии низоми дисконтӣ барои ҷавонони кишварҳои узви СҲШ – SCOYOUTHCARD дар назар аст.