Суди ноҳияи Шоҳмансур пас аз баррасии даъвои мақомоти шаҳрдории Душанбе нисбат ба Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон, барои узр пурсидан аз мақомоти шаҳрдорӣ ба мақомоти раҳбарии шабакаи телевизионӣ як моҳ фурсат дод.
Ғайр аз ин, дар ин муддат Шабакаи аввали телевизион бояд тавассути барномаи «Ахбор» раддияи иттилои қаблан интишоргардидаро пахш намояд.
Ба гуфтаи котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, дар даъвои мақомоти шаҳрдорӣ ҷуброни зарари маънавӣ ё моддӣ тақозо намешавад. «Мо танҳо расман узр пурсидан ва пахши раддияро талаб намудем», – гуфт вай.
Ёдрас мекунем, ки моҳи июл мақомоти шаҳрдории пойтахт нисбат ба маводи дар телевизиони Шабакаи аввал пахшгардида оид ба фаъолияти ғайриқаноатбахши мақомоти пойтахт ва инъикоси якҷонибаи мавзӯъ бо аризаи даъвогӣ ба суд шикоят намуд.
«Нахуст мо ба ин шабакаи телевизионӣ муроҷиат намуда, талаб доштем, ки ба ин мавод раддия пахш карда шавад, вале дар муддати як моҳ ин кор анҷом дода нашуда, мо барои баркарор кардани адолат ба суд муроҷиат кардем», – иброз дошт Саидов.
Дар маводи телевизионии зикршуда фаъолияти ғайриқаноатбахши мақомоти шаҳрдории пойтахт зимни бартараф кардани оқибатҳои боришоти сел мавриди интиқод қарор гирифта, вале мавқеи мақомоти шаҳрдорӣ инъикос нагардида буд.