Бино ба маълумоти назарсанҷии Маркази таҳқиқотии Pew, аз аҳолии мавриди пурсиш қароргирифтаи Тоҷикистон 88%-ашон дар моҳи Рамазон рӯза гирифта, 66%-и пурсидашудагон изҳор карданд, ки закот медиҳанд.
Миёни пурсидашудагон 50% тасдиқ намудаанд, ки ислом дар ҳаёти онҳо нақши муҳим дошта, 42%-и онҳо ҳамрӯза намоз мехонанд ва 30%-и пурсидашудагон ҳар ҳафта ба намози ҷумъа мераванд.
Қобили зикр аст, ки ҳаҷми пардохти закот аз даромади 3 ҳазору 480 доллари ИМА 87 долларро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, миёни пурсидашудагон дар кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон маълум шудааст, ки 50%-и аҳолӣ рӯзадор буда, 73% закот пардохт мекардаанд ва 18% ҳамарӯза намоз хонда, 9%-и аҳолӣ ҳар ҳафта ба намози ҷумъа мерафтаанд.
Дар Қазоқистон 4%-и аҳолӣ ҳамарӯза панҷ вақт намоз хонда, 10% ҳар ҳафта намози ҷумъаро адо мекардаанд ва 36%-и аҳолӣ закот пардохт намуда, ҳамагӣ 36% рӯзадор будаанд.
Гуфта мешавад, мутобиқи шумори мусулмонони муқими давлатҳо Тоҷикистон миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мақоми сеюмро ишғол менамояд Бино ба гузориши портали иттилоотии туркии HaberVaktim, дар Тоҷикистон 6 млн. 805 ҳазору 330 нафар пайрави мазҳаби исломанд, ки 95%-и аҳолиро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои ин портал, аз ҷиҳати шумори мусулмонон миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон дар зинаи якум қарор дошта, дар он 23 млн. 897 ҳазору 563 нафар (89%-и аҳолӣ) мусулмонон зиндагӣ доранд. Дар Қазоқистон 7 млн. 131 ҳазору 346 нафар (47%-и аҳолӣ) пайравони мазҳаби исломӣ ба сар бурда, дар минтақа ин кишвар зинаи дуюмро касб кардааст. Аз рӯйи ин нишондиҳанда Туркманистон дар мавқеи чорум қарор дошта, дар он 4 млн. 407 ҳазору 352 нафар (89%-и аҳолӣ) мусулмонон иқомат доранд. Дар Қирғизистон шумори мусулмонон ба 4 млн 117 ҳазору 24 нафар (80%-и аҳолӣ) баробар буда, он дар мақоми панҷум қарор дорад.