Дар шаҳри Минск зимни мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев бо мақомоти раҳбарии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Белорус масоили таҳкими заминаи ҳуқуқӣ оид ба ҳамкориҳо дар бахши табодули захираҳои корӣ миёни кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бино ба маълумоти Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, мулоқот бо мақсади иҷрои вазифаҳо оид ба ташкили низоми ягонаи идораи муҳоҷирати корӣ, истифодаи пурсамари захираҳои корӣ дар хориҷи кишвар ва коркарди механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик созмон дода шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо бобати таҳияи ду лоиҳаи созишномаҳои дахлдор дар бахши муҳоҷират дар ояндаи наздик ба мувофиқа расиданд. Ҷонибҳо атрофи масоили имкони ҷалби муҳоҷирони тоҷик дар амалисозии лоиҳаи барқарорсозии шаҳракҳои аграрии Белорус ва омодасозии касбӣ-техникии муҳоҷирон дар муассисаҳои таълимии Белорус табодули назар намуданд.