Мақомоти шаҳрдории пойтахт то ахири моҳи Рамон нархҳо дар бозорҳои шаҳри Душанберо таҳти назорати қатъӣ қарор хоҳад дод, зеро таҷриба гувоҳи он аст, ки ҳамасола дар арафаи Иди Рамазон қимати маҳсулоти ғизойӣ босуръат боло меравад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дирӯз аз ҷониби субъектҳои давлатии хоҷагидорӣ ва соҳибкорони ватанӣ дар бозорҳои пойтахт 22 тонннаву 582 кило гӯшти гов, 4 тоннаву 389 кило гӯшти гӯсфанд, беш аз 156 ҳазор дона тухм, 270,4 тонна орд, аз он ҷумла орди навъи 1-ум 256,5 тонна ва орди навъи 2-юм 13,9 тонна ба фурӯш гузошта шуд.
Дар мақомоти шаҳрдорӣ мегӯянд, тибқи хисобу китоби коршиносон, орд ва гӯшти ба фурӯш гузошташуда комилан эҳтиёҷоти аҳолӣ ва меҳмонони пойтахтро қонеъ менамояд.
Ёдрас мекунем, ки мутобиқи қарори раиси пойтахт, ба тоҷирон тавсия дода шудааст, ки дар моҳи Рамазон як кг гӯшти говро 29, гӯшти говмешро 19, гӯшти гӯсфандро 30, як халта орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистонро то 110, 1 л. равғани растаниро то 8, як кг биринҷи ватаниро то 7, як кг шакарро то 5, 1 л. ширро то 3, як кг картошкаро то 2, як кг сабзиро то 2,2, як кг пиёзро то 1,1 ва 1 дона тухмро то 0,6 сомонӣ ба фурӯш бароранд.
Қарори мазкури раиси шаҳри Душанбе дар Вазорати адлияи Тоҷикистон ҳамчун асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ сабт гардида, бо дархости ҳукуматдорони пойтахт назорати иҷрои он ба дӯши ташкилотҳои ҷамъиятиву динӣ, комиссияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва чанде аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ вогузор шудааст.