spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Таъсиси Кумитаи ҳамоҳангсозии масоили муҳоҷират дар Душанбе


Дар пойтахти Тоҷикистон таъсиси Кумитаи ҳамоҳангсозии масоили муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи  марказ дар назар аст.

Дар Раёсати Хадамоти муҳоҷирати пойтахт изҳор карданд, ки дар робита ба супориши раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев перомуни таҳлили вазъ ва фаъолияти субъектҳои хоҷагидорие, ки ба ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба кор машғуланд, чунин тасмим гирифта шудааст.

Пешниҳоди таъсиси Кумитаи ҳамоҳангсозии масоили муҳоҷират аз ҷониби аксари мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастгирӣ ёфт. Лоиҳаи таъсиси Кумитаи мазкурро Прокуратураи шаҳри Душанбе маъқул шуморид.

Бино ба маълумоти Раёсати Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ, айни замон дар пойтахт беш аз 70%-и субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳузур доранд.

Зимни баргузории санҷишҳо аз ҷониби хадамоти мазкур ошкор шудааст, ки чанде аз субъектҳои хоҷагидорӣ тавозун зимни ҷалби шаҳрвандони дигар кишварҳо ба корро риоя намекунанд. «Ҳангоми аз ҷониби субъекти хоҷагидорӣ ба кор қабул намудани шаҳрванди хориҷӣ бояд тавозун риоя шавад, яъне шумори шаҳрвандони Тоҷикистон бояд на камтар аз 70% аз шумори умумии кормандон бошад. Натанҳо беҳбуди муҳити сармоягузорӣ, балки таъмини шаҳрвандони пойтахт бо ҷойи корӣ низ зарур аст», – гуфтанд дар Раёсати Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар қаламрави Тоҷикистон аслан шаҳрвандони Чин машғули коранд. Ҳамчунин дар ҷумҳурӣ метавон бо муҳоҷирони кории Афғонистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо низ дучор омад.

Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, дар нимсолаи аввали соли равон барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати кишвар, 186 нафар муҳоҷирони кории хориҷӣ аз қаламрави Тоҷикистон хориҷ карда шудаанд.   

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...