Дар зарфи 7 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи 43,3 млн. $ кӯмаки башардӯстона ворид гардид.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар ин давра ба сифати кӯмаки башардӯстона ба ҷумҳурӣ 8,4 ҳазор тонна орд ба маблағи зиёда аз 3,9 млн. доллари ИМА, 514,9 тонна равғани рустанӣ ба маблағи ҳудуди 800 ҳазор $, воситаҳои дорувориву таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи умумии зиёда аз 19 млн. $, сарулибос ва пойафзол ба маблағи 824 ҳазор $, кӯрпаву ҷойхоб, дастгоҳҳои барқиву таҷҳизоти компютерӣва ғайра ворид гардиданд.
Дар ин давра ба Тоҷикистон 31 кишвари ҷаҳон дасти ёрӣ дароз намуданд. Дар байни кишварҳо-донорон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба ИМА – 43,3%, Русия – 12%, Нидерланд – 6,3%, Миср – 5,2% ва Литва – 4% рост меояд.