Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои пешвози дорандаи медалҳои биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012 Мавзуна Чориева як барномаи мукаммали идона омода кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии ҳукумати шаҳри Кӯлоб Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ хабар дод, дар Кӯлоб ҳанӯз аз замони ба медали биринҷӣ соҳиб гардидани Мавзуна Чориева дар Лондон ба омодагӣ оғоз карданд.
«Дар даромадгоҳи шаҳр Мавзуна Чориеваро намояндагони ҳукумати шаҳр бо аҳли ҷомеа пешвоз гирифта, то манзилаш ҳамроҳӣ мекунанд», – зикр кард вай.
Ба иттилои манбаъ, дар идома ба ифтихори Мавзуна Чориева бо иштироки сарояндагони маъруфи эстрадаи тоҷик, аз ҷумла Сурайё Қосимова, Гулчеҳра Содиқова, Меҳрнигори Рустам ва дигарон консерти идона доир мегардад.
«Ҳамчунин худи ҳамин рӯз ба Мавзуна Чориева супурдани калиди манзили панҷҳуҷрагӣ аз номи аз ҳукумати шаҳр дар назар аст», – изҳор кард С.Фаррухшоҳ.
Зикр гардид, ки бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҳукумати шаҳри Кӯлоб низ нақшаи вохӯриҳои Мавзуна Чориева бо ҷавонони шаҳр, донишҷӯён ва толибилмони макотиби таҳсилоти умумиро таҳия намудааст.