Дар натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ бо мақомоти дахлдори давлатии Русия ба сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия муяссар гардид, ки чанде қабл ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро тавассути транзит ба Сочи аз Абхозистон ба ватан баргардонад. Онҳо муддати ним сол дар Абхозистон қарор доштанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав хабар доданд, зодагони шаҳри Исфара ва ноҳияи Вахш Нурулло Абдуллоеви 32-сола ва Суннатулло Иброҳимови 23-сола шаш моҳ пеш тавассути қаламрави Русия ба Абхозистон рафтаанд, вале ба иллати надоштани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, хадамоти марзбонии Русия дигарбора онҳоро ба қаламрави Русия роҳ надодааст.
«Бо назардошти дархостҳои чандинбораи сафорати Тоҷикистон ва намояндагони диаспораи тоҷикони шаҳри Сочи, ҳукуматдорони Русия ба таври истисно ба вуруди транзитии онҳо тавассути қаламрави Русия иҷозат доданд», – гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки шаҳрвандони зикршудаи Тоҷикистон чанде қабл бо хатсайри ҳавоии Сочи-Душанбе озими ватан шудаанд.