Мақомоти шаҳрдории Кӯлоб барои пардохти маблағи истифодаи барқ ва хизматгузориҳои коммуналии шахсоне, ки таҳти ҳимояту ғамхории хадамоти кӯмаки иҷтимоӣ ба манзил қарор доранд, имконият пайдо кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати молияи мақомоти шаҳрдорӣ Бахтиёр Назаров хабар дод, ҳукумат барои пардохти қарзи истифодаи барқи ҳудуди 300 нафар нафақахӯрону маъюбон 105 ҳазор сомонӣ ва хизматгузории коммуналӣ 26 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд.
Ба гуфтаи вай, қишри аз ҳама бештар ба кӯмак ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла афроди яккаву танҳо, пиронсолон, собиқадорони ҷангу меҳнати қӯҳансол, ки аксарашон ҳатто маҷоли роҳравӣ надоранд, таҳти ҳимояту ғамхории хадамоти кӯмаки иҷтимоӣ ба манзил қарор доранд.
Назаров мегӯяд, айни замон масъалаи бо кадрҳои иловагӣ таъмин кардани хадамоти мазкур ҳаллу фасл мешавад, зеро айни замон хадамот боз 70 нафар кӯдакони имконияташон маҳдудро низ таҳти ҳимояту саробонӣ гирифтааст.