Дар пойгоҳи низомии 2-1-уми Русия дар Тоҷикистон чорабинии нақшавии эмкунии низомиён баҳри пешгирии гирифторӣ ба бемориҳо сироятӣ ба итмом расид.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Ҳавзаи низомии марказӣ, ин эмкунӣ барои пешгирии бемориҳои сироятие чун гепатити А ва В, зуком, вабо, дифтерия, домана ва полиомиелит гузаронида шудааст.
«Сатҳи фарогирии эмкунии ҳайати шахсии пойгоҳи низомӣ 98,2%-ро ташкил дода, барои низомиёни боқимонда он ғайри қобили истифода аст ва аз ин рӯ, онҳо мудом таҳти назорати кормандони тиббӣ қарор доранд», – гуфтанд дар хадамоти матбуот.
Ба иттилои манбаъ, айни замон дар пойгоҳ зиёда аз 10 ҳазор адад вактсинаҳои гуногун захира шудааст, ки барои эмкунии минбаъдаи нақшавӣ низ кифоя аст. Ғайр аз ин, пойгоҳи низомӣ бо захираҳои эҳтиётии воситаҳои тамъизӣ (дезинфексионӣ) низ таъмин аст.
Зикр гардид, ки вазъи эпидемиологӣ дар тамоми қисмҳои низомии пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон қаноатбахш мебошад.