Сиёсатмадорони ҷавони кишварҳои паҳнои Авруосиё дар кори ҳамоиши ҷавонони «Авруосиёи ҷавон», ки бо ташаббуси ҳизби сиёсии «Арманистони шукуфо» (Процветающая Армения) дар шаҳри Тсахкадзори ин кишвар созмон дода шудааст, ширкат меварзанд.
Дар ҳамоиши мазкур Тоҷикистонро раиси ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Адҳам Мирсаидов ва яке аз фаъолони ҳизб Абдулло Нуров намояндагӣ мекунанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» А.Мирсаидов аз шаҳри Тсахкадзор хабар дод, чанде қабл дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш намояндагони 17 кишвари паҳнои Авруосиё ҳузур доштаанд. «Роҳандозии ҳамкориҳо миёни созмону ҳаракатҳои ҷавонон ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти насли наврас аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии баргузории ҳамоиш унвон мешавад», – гуфт ӯ.
Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ моҳи апрели соли гузашта таъсис дода шуда, моҳи ноябр дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Айни замон шумори аъзои ташкилот ҳудуди 12 ҳазор нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳудуди 52 ҳазор нафар аъзои ҷавони ҲХДТ низ ба сафҳои ташкилоти «Созандагони Ватан» шомил шуданд.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он 160 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.