Дар Тоҷикистон бори нахуст миёни маҳбусони муассисаи ислоҳотӣ озмуни қориёни Қуръон доир гардид.
Тавре ба islamnews.tj аз муассисаи ислоҳотии №3/1-и шаҳри Душанбе хабар доданд, озмун бо дастгириву сарпарастии сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҷумҳурӣ Иззатулло Шарифов, роҳбарияти Маркази исломии Тоҷикистон ва раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ баргузор шуд.
Ба иттилои манбаъ, озмун таҳти шиори «Барои анҷоми корҳои нек бо ҳам ба мусобиқа бипардозед» сурат гирифта, қориёни беҳтарин бо туҳфаҳои Маркази исломии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин ба иштирокчиёни дигари озмун низ туҳфаҳо ҳадя гардид.
«Баргузории чунин чорабинии динӣ баҳри беҳбуди сатҳи маърифати маҳбусон нақши муҳим дошта, яке аз омилҳои муассири ислоҳшавии онҳо аст», – гуфт манбаъ.
Котиби матбуотии Маркази исломии Тоҷикистон Атовулло Қосимов дар ин робита ба islamnews.tj изҳор кард, ки ба марказ бо дархости кӯмак аз муассисаи ислоҳотии №3/1 мактуб расида, маҳбусон хоҳиш кардаанд, ки ба онҳо адабиёти динӣ ва гилем барои адои намоз фиристода шавад. «Мо ба онҳо ҳудуди 80 нусха адабиёти динӣ, аз қабили Қуръону ҳадис ва таърихи ислом ва 12 метр гилем барои адои намоз равона карда, ҳамчунин барои ғоибони озмун мукофотпулӣ ҷудо намудем», – гуфт ӯ.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ ба маҳбусон як миқдор адабиёти динӣ ва маҳсулоти канселярӣ фиристод.
Қобили зикр аст, ки тӯли 20 соли истиқлол ин нахустин озмуни динӣ миёни маҳбусони Тоҷикистон аст.