spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Фейсбукиён таҳрими ширкатҳои мобилиро пешниҳод карданд


Як гурӯҳи корбарони тоҷикистонии шабакаи иҷтимоии Facebook пешниҳод кардаанд, ки рӯзи 2-юми сентябр алайҳи ширкатҳои мобилӣ таҳрим эълон карда шавад. Дар ин сана ба оғози амалиёти низомӣ дар Хоруғ 40 рӯз пур мешавад.

Корбарони шабака зикр мекунанд, ки дар натиҷаи қатъи алоқаи мобилӣ муддати як моҳ мардум бо хешовандону наздиконашон иртибот гирифта наметавонистанд.

«Тӯли як моҳ ҳеҷ кадоме аз роҳбарони ширкатҳои мобилӣ қазияро шарҳ надода, аз мардум узр напурсиданд ва онҳоро бо андӯҳашон танҳо гузоштанд, – таъкид месозанд онҳо. – «Ним соати сукут» як навъ таҳримест алайҳи ширкатҳои мобилӣ, ки бидуни қарори додгоҳ (мутобиқи талаботи қонунгузории ҶТ) алоқа бо минтақаро қатъ намуданд. Ин нақзи мустақими ҳуқуқи инсон аст».

Аз корбарони тоҷикистонии ин шабака даъват мешавад, ки санаи 2-юми сентябр муддати расо ним соат телефонҳои мобилии худро хомӯш созанд, то ки «ба ҷои нозуктарини ширкатҳо – кисаашон зарба зананд».

Мебояд гуфт, ки аксари корбарони шабака ба эълони таҳрим ва хомӯш кардани телефонҳои ҳамроҳи худ розианд.

Ёдрас мекунем, ки соати 04:00-и субҳи рӯзи 24-уми июл то оғози амалиёти низомии нерӯҳои қудратӣ иртиботи телефонӣ бо маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ қатъ гардид.

Он замон қатъи иртиботи телефонӣ бо шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи онро  сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров комилан ба мушкилоти фаннӣ нисбат дода, изҳор карда буд, ки «ҳангоми рӯйдодҳои ба ҳамагон маълуми шаҳри Хоруғ

тир ба симҳо бархӯрдааст

, ки он ба қатъи алоқа боис гардид».

Алоқа тавассути телефонҳои хонагӣ бо Хоруғ рӯзи 28-уми июл ва иртибот тариқи телефонҳои ҳамроҳ 25-уми август барқарор шуд.

Дар ҳамин ҳол, ба ОИ «Азия-Плюс» муссар нагардид, ки дар бораи барқарор шудани алоқаи мобилӣ бо Хоруғ бевосита аз Хадамоти алоқи назди ҳукумати ҶТ маълумоте дастрас намояд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...