Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар муассисаи ислоҳотии шаҳри Новосибирски Русия адои ҷазо мекард, бар асари бемории пазируфтаи норасоии масуният (СПИД) аз олам даргузашт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия хабар доданд, бо мусоидати намояндагии мазкур айни замон ҷасади сокини ноҳияи Ҳисор С.Б.-и 31-сола ба мурдахонаи беморхонаи шаҳри Новосибирск мунтақил шудааст.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи 31-уми август ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон тавассути ҳавопаймо ба ватан фиристода мешавад.