Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Шӯрои ҷамъиятии назди Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон доир мегардад.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират, дар ҷаласаи Шӯро вазъи муҳоҷират ва мушкилоти мавҷуда соҳаи мазкур мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ба иттилои манбаъ, ҷиҳати баррасии ин масоил ва дарёфти роҳи ҳалли мушкилоти ин бахш ба кори ҷаласа аъзои Шӯро ва кормандони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, намояндагони созмонҳои ҷамъиятиву байнулмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳо, намояндагии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон ва ҳамчунин даспораҳои миллии муқими кишвар даъват шудаанд.
Зикр гардид, ки дар ҷаласа барои беҳбуди вазъи муҳоҷират пешниҳоду тавсияҳо ироа гардида, тадбирҳои судманд андешида хоҳанд шуд.
Шӯрои ҷамъиятӣ як мақоми машваратӣ дар назди Хадамоти муҳоҷират буда, фаъолияти корхонаҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои илмӣ дар бахши муҳоҷиратро ҳамоҳанг месозад.