Қарзҳо аз истифодаи барқи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо назардошти қарзҳои пешин ба 30 млн. сомонӣ расиданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шабакаҳои минтақавии барқи (бидуни хизматгузорӣ ба шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Данғара) Кӯлоб Мирзо Исмоилов хабар дод, аз ин миқдор қарз 14,7 млн. сомонӣ ба воҳидҳои Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об ва 14,4 млн. сомонӣ ба аҳолии минтақа рост меояд.
Ба қавли вай, ахиран тамоили коҳиши маблағи қарзи аҳолӣ ба мушоҳида расида, вале воҳидҳои вазорати зикршуда қариб тамоман ба пардохти маблағи истифодаи барқ таваҷҷуҳ зоҳир намесозанд.
Дар ҳамин ҳол, ба иловаи корҳои таъмири нақшавӣ ба маблағи 2,5 млн. сомонӣ барои як сол, ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон корҳои зиёде ба анҷом мерасанд.
«Аз 21 банди чораҳои махсуси омодагӣ мо 17-тоашро аллакай ба иҷро расонидем ва 4-тои он низ дар арафаи анҷомёбинад», – гуфт Исмоилов ва афзуд, ки корҳои асосии таъмиру таҷдид дар қитъаҳои душворгузари ноҳияҳои Ховалинг, Шӯрообод ва Темурмалик ба итмом расидаанд.