Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ бо корҳои ободонӣ ва азнавбарқароркунии қасри “Арбоб” ба ин мавзеъ ташриф овард.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, раиси вилоят, пеш аз ҳама, ба раванди ободонии саҳни иншооти таърихӣ, аз ҷумла бунёди фаввораҳо мароқ зоҳир кард. Қоҳир Расулзода зикр намуд, ки ба сифату ранги фаввораҳо эътибор диҳанд, то ки он ба бошандагон эҳсоси роҳат ва хушҳолӣ ҳадя намояд.
Раиси вилоят бо рафти корҳои таъмири бинои қаср шинос шуда, ба сохтмончиён ва мутасаддиён барои бо сифати баланд дар мӯҳлати муқаррарӣ ба анҷом расондани он супориш дод. Мазмуну мундариҷаи қасри “Арбоб”-ро дар тарҳи нав маҷмӯи осорхонаҳо пурра хоҳад кард. Раиси вилоят таъкид намуд, ки дар бунёди осорхона ба сифати ҷамъоварии мавод, ҷобаҷогузории экспонатҳо ва тарзи равшанидиҳии бино таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шавад ва он бояд ба меъёрҳои байналмилалии осорхонадорӣ мутобиқ бошад.
Ҳамчунин Қоҳир Расулзода ба рафти бунёди чойхонаи миллӣ, ки сохтмонаш моҳи сентябри соли 2011 оғоз ёфта буд, мароқ зоҳир намуд. Ва ба роҳбарияти сохмончиён ва меъморон барои бо сифати баланду тарзи меъмории миллӣ анҷом бахшидани иншоот маслиҳат дод. Ёдовар мешавем, ки чойхонаи боҳашамати миллӣ, ки барои 1200 ҷои нишаст пешбинӣ шудааст, бо намуди дилрабои хеш ба қасри номдор ҳусни тоза зам хоҳад кард.
Айни ҳол дар сохтмони чойхонаи миллӣ 130 нафар коргари ҶДММ «Евростройсервис» (сарвари кулл Мақсудҷон Умаров), дар ҷойҳои махсус наздик 500 нафар ба кандакориву гачкорӣ ва корҳои васлкунии оҳану бетонрезӣ, пардозу ҳамворкунии фарш дар таҳхона. ороиши атрофи роҳи асосӣ ва дигар корҳои сохтмонӣ машғуланд.
Қоҳир Расулзода ба мутасаддиёни сохтмон супориш дод, ки то санаи 1 сентябр ҷадвали кории ҳаррӯзаи рафти корҳои сохтмонӣ ва мӯҳлати анҷоми корҳоро ба таври дақиқ ба ӯ пешниҳод кунанд ва гуфт, ки то 20 октябр иншоот ба пуррагӣ ба итмом расонида шавад.