Маркази дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон аз натиҷаҳои мониторинг таҳти унвони «Шиканҷа ва кирдори бераҳмона дар доираи ҳуқуқ нисбат ба ноболиғон дар Тоҷикистон» гузориш дод.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази мазкур хабар доданд, дар чаҳорчӯби мониторинг 37 нафар кӯдакони синнусоли аз 10 то 18-сола, 44 нафар падару модарон ва ҳамчунин кормандони муассисаҳои тиббӣ, муассисаҳои ислоҳотӣ ва намояндагони комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдакони шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон мавриди пурсиш қарор гирифтаанд.
Ҳамин тариқ, аз миқдори умумии пурсидашудагон 9 нафар кӯдакон аз боздошту ҳузур доштан дар ШКД, 6 нафар дар қабулгоҳи тақсимкунӣ, 3 нафар дар муассисаи ислоҳотӣ барои кӯдакон, 5 нафар дар мактаби махсус ва 3 нафар дар омӯзишгоҳи махсуси касбӣ-техникӣ таҷиба доштаанд.
Мониторинг қонуншиканиҳои зиёд нисбат ба риояи ҳуқуқи кӯдаконро дар масъалаҳои замони боздошту овардан ба ШКД, ҳузур дар онҷо ва баргузории бозпурсӣ ошкор сохт. Дар инҷо ҳамчунин ҳуқуқи кӯдакон ба кӯмаки ҳуқуқӣ, робита бо падару модар, баргузории пурсиш бо қонуншиканӣ (шабона, бо истифодаи шиканҷа, бидуни ҳузури падару модарон ва ҳимоятгарон), ҳуқуқи дастрасӣ ба маълумот дар бораи ҳуқуқҳои худ, тафтишот ва ҳуқуқи дахолатнопазирии шахсӣ поймол мегарданд.
Дар мониторинг як ҳодисае аз шӯъбаи корҳои дохилии яке аз ноҳияҳои пойтахт ба гунаи мисол оварда мешавад, ки дар он се нафар наврасони синнусоли аз 15 то 17-соларо ба гумони ғорат ба шӯъба оварда, аз соати 17 то 3-и субҳ бо шиканҷаву таҳдид бозпурсӣ кардаанд ва танҳо пас аз иқрори гуноҳ онҳоро таҳти назорати волидайн ҷавоб додаанд. Суд ин наврасонро ба муддати 5 соли зиндон маҳкум кард (айни замон аз болои ҳукм шикоят оварда шудааст).
Мисоли дигар – боздошти духтари 17-сола Р.С. бо шарики ноболиғаш барои дуздӣ аст, ки дар шӯъба мавриди латуқуб қарор гирифтанд. Р.С. муддати 2 рӯз дар боздоштгоҳ нигоҳ дошта шуда, вале падару модараш аз ин огоҳ карда нашудаанд. Пас аз ду рӯзи боздошт онҳо ба содир намудани ҷиноят баёнот дода, дар даъвати навбатӣ ба шӯъба Р.С. сирко истеъмол намуда, ба ҳалокат расидааст. Аз рӯйи ин ҳодиса прокуратураи шаҳри Душанбе тафтишот мебарад.
Дар гузоришҳамчунин аз ҳодисаҳое зикр мегардад, ки кӯдакон аз рафтори бераҳмонаи ҳайати кормандони муассисаи ислоҳоти барои кӯдакон ё дар тавқифгоҳи интизомӣ ба муҳлати 7 рӯз нигоҳ доштан осеб дидаанд.
Бо такя ба натиҷаҳои мониторинг Маркази дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон ба қабули қонун дар бораи ҳуқуқи кӯдакон ё низоми дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон, ворид намудани тағйирот ба КМҶ ҶТ ҷиҳати пешбинии муқаррароти саривақт огоҳ намудани волидайн дар бораи боздошт,беҳбуди назорату тартибот зимни гузаронидани тафтишоти ин масоил як қатор тавсияҳо пешниҳод кардааст.