Ахири ҳафтаи гузашта дар Маскав зимни мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев бо раиси Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Констатин Ромодановский масоили ҳамкории мутақобилаи кишварҳо дар бахши муҳоҷират баррасӣ шуд.
Бино ба маълумоти Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон, ҷалби муташаккили муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Русия ва роҳандозии омӯзиши забони русӣ аз ҷониби муҳоҷирон табодули назар намуданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳафтаи гузашта С.Девонаев ҷиҳати роҳандозӣ ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба оид ба масоили марбут ба муҳоҷирати тоҷикон ба Русия бо сафари корӣ ба ҳавзаҳои федералии Русия рафт.
Тибқи маълумоти сарчашмаҳои гуногун, айни замон дар қаламрави Русия беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, ки аз аҳолии 8 млн. нафараи ҷумҳурӣ қариб ҳар нафари ҳаштумро ташкил медиҳад.
Соли 2011 ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷрини корӣ аз Русия ба Тоҷикистон наздики 3 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки қариб ба 50%-и ҳаҷми порсолаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст.