Аз 15-уми сентябр то 18-уми октябр дар шаҳри Душанбе IT-мактаби ройгони Маркази технологияҳои молиявӣ баргузор мешавад.
IT-мактаби Маркази технологияҳои молиявӣ лоиҳаи омӯзишӣ барои такмили тахассуси IT-мутахассисон дар соҳаи технологияҳои муосири иттилоотӣ барои бозори молиявӣ аст. Татбиқи лоиҳа соли 2007 дар Маскав оғоз ва дар шаҳрҳои Сакнт-Петрбург, Қазон ва Новосибирск доир гардидааст. Феълан садҳо хатмкунандагони ин мактаб дар Маркази технологияҳои молиявӣ ва бонкҳои бузургтарини Русия ва кишварҳои узви ИДМ муваффақона фаъолият доранд.
Бино ба маълумоти Маркази технологияҳои молиявӣ, таҳсил ба хатмкардагони мактаб дар муайян кардани вазъи молиявии худ дар бозори меҳнат, пайдо кардани шуғли мунтазам ва шоиста, афзун кардани донишу малака дар бахши технологияҳо ва маҳсулоти инноватсионии молиявӣ имкони хуб фароҳам месозад.
Дар машғулиятҳои IT-мактаб метавон ҳангоми машғул будан ба кор низ иштирок кард, зеро таълим ба таври фосилавӣ сурат гирифта, санҷишҳо дар вақти берун аз кор гузаронида мешаванд. Таҷрибаи таҳияи таъминоти барномавии тиҷоратӣ ҳатмӣ нест. Қабул ба мактаб тавассути озмун дар асоси аризаҳои воридшуда баргузор мегардад. Маълумоти муфассал дар бораи лоиҳаи IT-мактаби Маркази технологияҳои молиявиро метавон
аз ин суроға
дарёфт намуд.