Ахири ҳафтаи гузашта дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе маросими ифтитоҳи давраҳои омӯзишӣ (курсҳо) таҳти унвони «Забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ» барои кормандони Прокуратураи генералии Тоҷикистон баргузор шуд.
Зимни суханронӣ дар ин маросим роҳбари намояндагии ҳамкории Русия (Россотрудничество) дар ҶТ Владислав Курнушко шунавандагони курсҳоро бо оғози машғулиятҳо табрик гуфта, хотиррасон намуд, ки дар Тоҷикистон забони русӣ забони муоширати байни миллатҳо буда, яке аз забонҳои бештар паҳншудаи ҷаҳон ва забони кории СММ маҳсуб меёбад.
Машғулиятҳо дар ҳаҷми 240 соат барои 20 нафар кормандони Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҳафтае ду маротиба аз ҷониби омӯзгорони рус гузаронида мешаванд. Машғулиятҳо мувофиқи барномаи махсуси аз ҷониби марказ таҳияшуда ва бо истифода аз усулу методҳои интерактивии баргузории дарсҳо, тавассути омӯзиши имлову хониш ва дастрасӣ ба Интернет-порталҳои маъруфи таълими забони русӣ сурат мегиран