spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Вазорати маориф як қисми донишҷӯёнро барои баргаштан ба Қазоқистон розӣ кард


Вазорати маорифи ҷумҳурӣ як қисми донишҷӯёнро, ки ҳафтаи гузашта дар назди бинои вазорат даст ба намоиши этирозӣ зада буданд, барои баргаштан ба Қазоқистон розӣ кард.

Ҳафтаи гузашта беш аз 90 нафар донишҷӯён ба намоиши эътирозӣ даст зада, аз пешниҳоди ихтисоси дигар дар мактабҳои олии Қазоқистон изҳори норзигӣ карданд, зеро онҳо дар давраҳои омӯзишии омодагӣ бо ихтисосҳои дигар таҳсил карда будаанд. Рӯзи дигараш онҳо дар назди кохи раисиҷумҳур гирдиҳам омада буданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Маҳмудхон Шоев хабар дод, аксари онҳо баҳри таҳсил дар Академияи тиббии Алмаато дар курсҳои омодагӣ таҳсил намудаанд, лекин Вазорати маорифи Қазоқистон балли қабул ба макотиби олиро аз 50 балли пешина то 90 балл боло бурда, аз ин рӯ, ба довталабон аз Тоҷикистон ихтисоси дигар, аз ҷумла байтор пешниҳод шуд.

Ба гуфтаи ӯ, мақомоти раҳбарии вазорат доишҷӯён ва волидайни онҳоро ба ҳузур пазируфта, ин масъаларо шарҳ додааст. Аксари онҳо тасмим гирифтанд, ки таҳсил бо ихтисосҳои пешниҳодшуда дар Қазоқистонро идома диҳанд, аммо 10-15 нафар донишҷӯён то ҳанӯз норозианд.

Дар ҳамин ҳол, аз сафорати Қазоқистон дар Душанбе ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки намояндагии дипломатӣ бо мактуб ба Вазорати маорифи Қазоқистон муроҷиат кардааст. «Вазоратҳои маорифи кишварҳо сарвақт масъалаи қабули донишҷӯёнро ҳаллу фасл накардаанд. Тайи ду-се сол қабли донишҷӯёни тоҷик муътадил ҷараён дошта, онҳо бо ихтисосҳои интихобкардаашон таҳсил мекарданд. Имсол бошад, чунин бесарусомонӣ ба вуқӯъ пайваст», – гуфтанд дар сафорат.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...