spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

10 соли муборизаю саргардонӣ барои нафақа (чандрасонаӣ)


Сокини 81-солаи шаҳри Душанбе Ҳафиза Бобомуродова 10 сол инҷониб барои бозҳисоби дурусти нафақааш бо мақомоти давлатӣ баҳси додгоҳӣ мебарад. Ин хонуми бознишаста мегӯяд, бо вуҷуди талошҳои зиёд қарори одилонаи додгоҳро надидааст. Вале ӯ тасмим дорад, то лаҳзаи барқарории адолат муборизаро идома диҳад.

Ҳафиза Бобомуродова, ки аз саргардонии тӯлонӣ хаста ба назар мерасид, барои баёни мушкилоташ дигарбора ба Хабаргузории “Азия-Плюс” муроҷиат кард. Ҳарчанд расонаҳои маҳаллӣ, аз ҷумла, “АП” дар чанд соли охир роҷеъ ба ин қазия матолиб нашр кардаанд, аммо даъвои хонуми солманд ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст. Мо дафъатан тасмим гирифтем, ҷузъиёти ҳалталаби ин масъаларо инъикос созем. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Барои муайянсозии асли қазия ба манзили Ҳафиза Бобомуродова, воқеъ дар яке аз маҳаллаҳои канори пойтахт рафтем. Ин хонуми бознишаста пеши мо номаю аризаҳои даъвогии худ ва қарору посухҳои сершумори ниҳодҳои давлатию байнулмилалиро гузошта, кашмакаши чандинсолааш бо мақомотро чунин бозгӯ кард:

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Ман то соли 1989 дар Кумитаи давлатии агросаноатии Тоҷикистон ба ҳайси сармутахассис фаъолият доштам. Вақте ба синни нафақа расидам, шуъбаи кадрҳои ин Кумита маълумотнома оид ба маоши ман ва дархостнома дар бораи таъини нафақаро ба шуъбаи ноҳиявии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фиристод. Аз дарки ин воқеият, ки бо моҳонаи хидматии баробар ба 275 рубл наметавонам нафақаи арзанда бигирам, ман аз пешниҳоди санадҳо худдорӣ карда, зери дархостнома дар мавриди таъини ҳаққи нафақа имзо нагузоштам ва ба шуъбаи ноҳиявии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нусхаҳои дафтарчаи меҳнатӣ, шиноснома ва маълумотнома аз маҳалли зистро пешниҳод накардам. Фаъолиятамро дар Кумитаи давлатии агросаноатӣ ба ҳайси сармутахассис идома додам ва моҳонаи ман 380 рубл шуд, ба ғайр аз ин мукофотпулӣ мегирифтам. То 29-уми марти соли 1991, яъне то замони барҳам хӯрдани Кумитаи давлатии агросаноатӣ ва ба нафақа рафтанам, маоши миёнаи ман 545 рублро ташкил медод.

Аз он ки нафақаи ман соли 1989 дар ҳаҷми 132 рубл (ҳадди аксар) таъйин шудааст, ман хабар надоштам. Мутобиқи Фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон аз 4-уми ноябри соли 2004, ҳаҷми фарқияти нафақаи ман 31 сомонию 30 дирамро ташил медод. Ман ба ин тарзи бозҳисоб розӣ набудам, аз ин рӯ, ба шуъбаи ноҳиявии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муроҷиат кардам. Масъулони ин ниҳод гуфтанд, ки бозҳисобӣ аз маоши соли 1989 сурат гирифтааст.

Сипас ман ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муроҷиат кардам. Масъулини вазорат ба ман парвандаи бознишастагиамро нишон доданд. Маълум шуд, ки дар соли 1989 кормандони шуъбаи ноҳиявии ҳифзи иҷтимоӣ аз аризаи ман ба фоидаи худ истифода кардаанд, дар ҳоле ки зери он имзои ман гузошта нашудааст. Дар парвандаи бознишастагӣ ҳамчунин аризаи қалбакӣ аз номи ман дар бораи бозҳисобии нафақа аз соли 1996 мавҷуд аст. Аммо худи ман чунин ариза пешниҳод накардаам, зеро аз соли 1991 то соли 1997 дар ҷое кор накардаам. Ариза қалбакӣ аст ва онро ман имзо накардаам.

Баъдан маълум шуд, ки кормандони “райсобес” (шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Фирдавсӣ) дар соли 1989 бо тартиб додани санадҳои қалбакӣ то соли 1991 нафақаи маро хӯрдаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

22-юми июни соли 2005 ман барои кӯмак дар ҳалли масъалаи нафақаам ба дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон муроҷиат кардам. Шахсони масъул аризаи маро барои баррасӣ ба прокуратураи шаҳри Душанбе ва сипас ба додситонии ноҳияи Фирдавсӣ фиристоданд. Бар асоси ин номаҳо ташхиси судӣ-хатшиносӣ гузаронида шуд. Мувофиқи хулосаи ташхис аз 26-уми марти соли 2006 муайян гардид, ки имзои зери ариза гузошташуда оид ба таъйини нафақа аз 18-уми июли соли 1989 ба ман тааллуқ надорад. Ҳамчунин аризаи дар таърихи 7-уми майи соли 1996 пешиниҳодшуда ва имзои он аз ман нест. Ҳарчанд далели тақаллуби санадҳо тавассути кормандони шуъбаи ноҳиявии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ исбот гардид, вале бинобар сабаби гузаштани муҳлати ба ҷавобгарӣ кашидани афроди тақаллубкор, парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба онҳо оғоз нашудааст. Ҳамчунин масъалаи таъйини нафақаи ман аз соли 1991 тавассути шуъбаи ноҳиявии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳал нашуд, бинобар ин метавон гуфт, ки ба ман зарари моддию маънавӣ расонида шудааст – солҳои асабонияту давутоз ва муроҷиат ба мақомоти гуногун барои мани 81-сола хеле вазнин буд.

Ба гуфтаи Бобомуродова, вай барои зарари маънавӣ ҳамагӣ

1000 сомонӣ ҷуброн

дарёфт кардааст, аммо масъалаи пардохти зарари моддӣ сарфи назар шудааст. Солҳои 2008 ва 2014 Суди шаҳри Душанбе ва Суди Олии ҶТ қарорҳои дахлдор баровардаанд, вале ӯ бо ин қарорҳо розӣ нест.

Айни замон нафақаи Бобомуродова 

200 сомонӣ

 аст, вале ӯ даъвои 

620 сомонӣ

 ҳаққи бознишастагӣ дорад.

Баъд аз он ки талошҳояш барои дастёбӣ ба адолат дар ҳамаи ниҳодҳо бенатиҷа анҷом ёфт, моҳи сентябри соли 2014 ба Намояндагии Ҳамоҳангсози Доимии СММ дар Тоҷикистон муроҷиат кард. Дар навбати худ Намояндагии СММ бо ирсоли ян нома аз Прокуратураи генералии ҶТ хостааст, ки дар баррасии дақиқи қазияи шаҳрванд Ҳафиза Бобомуродова мусоидат карда, ҷиҳати барқарорсозии адолат бар пояи меъёрҳои байнулмилалии ҳуқуқи инсон ба меҳнат ва нафақаи шоиста кӯмак кунад.

“Ман нафақахӯрам ва дар моддаи 39-и Конститутсияи ҶТ ба ҳар шахс дар пиронсолӣ кафолати таъмини иҷтимоӣ дода шудааст. Мо ҳангоми фаъолият дар ҷавонӣ барои ғанӣ кардани хазинаи давлат саҳм гузоштем, мутаносибан дар даврони пирӣ бояд истироҳат ва аз неъматҳои зиндагӣ истифода кунем”, – мегӯяд хонуми бознишаста.

ИЗОБРАЖЕНИЕ


Ба ҳисоби Ҳафиза Бобомуродова, дар давоми 10 сол танҳо роҳхарҷиҳои ӯ ба ниҳодҳои гуногун барои барқарорсозии адолат ва тасдиқи вуҷуди қонуният дар кишвар беш аз 13000 сомониро ташкил додааст.

“Ман ҳар рӯз 8-10 сомонӣ сарф мекунам. Троллейбус нест, автобус нест, ҳамааш “маршрутка”. Инҳо (кипи аризаву номаҳои рӯйи мизро нишон медиҳад), нусхабардорӣ, навиштани аризаҳо магар пул нест? Барои ҳамаи ин ман пул додам. Ин магар зарари моддию маънавӣ нест?”, – суол мекунад Бобоназарова.

Вай мегӯяд, 29-уми марти соли 2015 аз замони бознишаста шуданаш 24 сол гузашт.

“24 сол боз ман бехабар. Вақте рафта, муроҷиат кардам, баъд фаҳмидам, ки ҳақиқатан сохтакорӣ кардаанд. Ман ҳисоб кардам, пуле, ки бояд ба ман медоданд, дар ин 24 сол

223 миллиону 765 ҳазору 320 сомонӣ

шудааст. Чунки вақте сохтакорӣ шуд, инҳо дигар хел ҳисоб мекунанд… Ин маълумотро мо аз Бонки миллӣ гирифтем ва адвокати ман Бузургмеҳр Ёров худаш ҳисоб кард”, – афзуд Бобомуродова.

Воқеан, дар номаи ҷавобии Бонкии миллии Тоҷикистон аз 21-уми феврали соли 2008 ба дархости адвокати маслиҳатхонаи ҳуқуқии шаҳри Душанбе М.Раҳмонова, ки ҳафтае қабл аз он ирсол шудааст, гуфта мешавад, ки

“1000 рубли ИҶШС-и соли 1989 ба 5 ҳазору 471 сомониву 57 дирами 14-уми феврали соли 2008 баробар аст”

.



Дар аксгардони зер бо муҳтавои дархости ҷониби даъвогар ва посухи расмии Бонки миллии Тоҷикистон шинос шавед:



Ҳафиза Бобомуродова ҳамчунин аз он нигарон аст, ки мақомоти додситонӣ аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба афроде, ки ҳаққи бознишастагии ӯро “хӯрдаанд”, бо вуҷуди маълум будани шахсияти онҳо, худдорӣ варзидааст. Бобомуродова дар сохтакории аснод шаҳрвандон Лилия Волкова ва Оля Искандароваро, ки то соли 1999 дар Шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба ҳайси нозир кор мекарданд, гунаҳкор медонад.

Аммо муфаттиши пешини шуъбаи тафтишотии прокуратураи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Хусрав Ғӯраев, ки дар соли 2005 масъулияти баррасии аризаи шикоятии хонум Бобомуродоваро ба уҳда дошт, дар қарори худ аз 27-уми марти соли 2006 бо истинод ба маълумотномаи Бюрои суроғавии ВКД ҶТ таъкид мекунад, ки Волкова ва Искандарова тамоман дар қайди бюрои мазкур нестанд. Бо назардошти ин муфаттиши додситонӣ аз сабаби гузаштани муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ худдорӣ мекунад.

21-уми сентябри соли 2012 Ҳафиза Бобомуродова ба додситони шаҳри Душанбе Сайидмурод Қодиров ариза пешниҳод карда, дар он қарори муфаттиш Ғӯраевро дар мавриди худдорӣ аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба “шахсони номаълум” бинобар гузаштани муҳлати ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо ғайриқонунӣ ва беасос меномад. Дар аризаи худ Бобомуродова аз ҷумла навиштааст: “Дар қарори баровардаи муфаттиш дарҷ ёфтааст, гӯё ҷиноят аз ҷониби шахсони номаълум содир шудааст, ки ин тамоман ғалат аст, чунки ҷиноят аз тарафи кормандони шуъбаи ҳифзи иҷтимоии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Волкова Л. ва Искандарова О. содир шудааст”. Хонуми бознишаста ба далели муайн будани шахсияти афроди, ба қавли ӯ, гунаҳкор аз додситони пойтахт талаб кардааст, ки қарори муфаттиш Ғӯраевро бекор кунад.



Ҳимоятгар: “Суди мо мустақил нест!”

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи

Бузургмеҳр Ёров

, ҳимоятгари Ҳафиза Бобомуродова, ӯ бо қарори муфаттиш Хусрав Ғӯраев розӣ аст ва онро дастгирӣ мекунад. Ёров дар суҳбат бо Хабаргузории “Азия-Плюс” аз ҷумла гуфт:

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Муфаттиш ҳолати ҷиноятро аллакай исбот кардааст, ки дар ҳақиқат ҷиноят вуҷуд дошт. Лекин тибқи муқаррароти қонун, агар муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан гузашта бошад, шахсро ҷавобгар кардан мумкин нест. Бубинед, ин ҳодисаҳо аз соли 1990 оғоз мешаванд, аммо вақте ки аризаҳо дар солҳои 2005, 2006, 2007 пешниҳод мегарданд, аз байн аллакай 15-18 сол сипарӣ шудааст ва бинобар гузаштани муҳлат шахсро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан мумкин нест. Дар ин ҷо муфаттиши додситонӣ ҳама ҳолатҳоро дида баромадааст, фақат мақомоти судӣ ин масъаларо ҳал накарда истодааст.


Азия-Плюс:

– Ба назари Шумо, ба чӣ хотир мақомоти додгоҳӣ ин масъаларо ҳал намекунанд?


Бузургмеҳр Ёров:

– Ман дар баҳсҳои зиёди додгоҳӣ иштирок мекунам, мақомоти судӣ як супориши дахлдор мегиранд – вақте масъалаи андоз, масъалаи нафақа, масъалаи марбут ба зарари расонидаи мақомоти давлатӣ ба миён меояд, ба судҳо ҳамин гуна тавсия дода шудааст, ки бо тамоми роҳу восита кӯшиш кунанд, то манфиатҳои давлатро ҳимоя созанд. Ҳол он ки суд, вақте баҳсро мебинад, барои вай манфиати давлат, манфиати шахс – ҳамааш бояд як бошад. Яъне бояд қонунро барқарор кунад. Бадбахтӣ дар ҳамин аст, ки суди мо мустақил нест!



Шарҳи мақомот ба ASIA-Plus

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Муовини сардори раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳуқумати ҶТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 

Заррина Боқиева 


муроҷиати хонум Бобомуродова ба додгоҳ дар робита ба тақаллуби аснод тавассути собиқ кормандони шуъбаи ҳифзи иҷтимоии ноҳияи мазкурро таъйид кард: “Дар ҳақиқат, Бобомуродова Ҳафиза аз мо нафақа мегирад. Ӯ чанд маротиба ба суди ноҳияи Фирдавсӣ ва суди шаҳрӣ муроҷиат карда, ариза навиштааст. Нафақааш дар асоси қонун таъин шудааст. Ҳалномаҳои суд баромадааст, ки нафақаи Бобомуродова ягон камбудӣ надошт. Лекин дар соли 2012 мо аз ҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар асоси қарори суд ба Бобомуродова ҳамчун ҷуброни зарари маънавӣ 1000 сомонӣ пардохт карда будем. Тамом. То ҳозир нафақаи ӯ дар асоси фармони президент аз 1-уми сентябри соли 2013 дар ҳаҷми 200 сомонӣ таъйин карда шудааст. Собиқаи кории пуррааш 38 сол аст, то соли 2013 ҳаҷми нафақааш 150 сомонӣ буд, баъд 200 сомонӣ шуд. Азбаски солҳои 1995 ва 2000 пул дар Тоҷикистон иваз гардида буд, мо маблағи он касро ба сомонӣ конвертатсия кардем”.



Заррина Боқиева дар идома гуфт: “Мо маълумотномаи якум овардаи Бобомуродова – ҳамон маълумотномаи қалбакие, ки Волкова ва Искандарова тартиб додаанд – онро дар асоси қарори судӣ ба инобат нагирифтем. Ҳамаи маблағҳои нафақаи ӯро дар асоси маълумотномаи дуюм ҳисоб кардем. Аз 1-уми октябри соли 2007 нафақаи он кас бозҳисобӣ шуда, ҳаҷмаш 74 сомониву 61 дирам ва 599 сомониву 04 дирам иловапулӣ шуд. Яъне аз ҳамон рӯзе, ки маълумотномаи дуюмро оварданд, аз ҳамон вақт бозҳисобӣ шуд”.



Роҳҳалли қазия чист?

Ҳафиза Бобомуродова мегӯяд, ба дарёфти миллионҳо сомонӣ зарари моддиву маънавӣ аз давлат чандон умед надорад ва ин ҳама давутозаш ба хотири баланд кардани маблағи нафақа мебошад: “Ҳама пулро ба ман диҳед намегӯям. Хайр, як инсоф карда, нафақаамро баланд кунед. Ҳа, хӯрдед, майлаш, ба ман ҳам камтар диҳед, як мурдапулӣ, як зиндагиамро бинам охир! Чанд соли дигари умрам монд?! Не, на нафақаамро баланд мекунанд, на ҳаққамро медиҳанд”.

МЕДИА (Youtube Embed)

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...