Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Палатаи ҳисоб оид ба гранти Фонди глобалӣ дар Кумитаи ҷавонон санҷиш мегузаронад - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Палатаи ҳисоб оид ба гранти Фонди глобалӣ дар Кумитаи ҷавонон санҷиш мегузаронад

Мавзуна Абдуллоева



Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар робита ба чӣ гуна ва бо кадом мақсадҳо масраф гардидани 116 ҳазор доллари ИМА маблағҳои грантии Фонди глобалӣ барои мубориза бо бемории ВИЧ/СПИД дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ санҷиш гузаронида истодааст.

Зимни нишасти хабарии ҷамъбасти нимсола раиси Кумита  Аҳтам Абдуллозода дар мавриди ин масъала изҳор намуд, ки алҳол дар ин бора чизе гуфта наметавонад, зеро санҷиши Палатаи ҳисоб идома дорад. «Бале, чунин грант воқеъан ҳам дастрас шудааст. Танҳо аз рӯи натиҷаҳои ниҳоии санҷиш метавонам дар ин хусус маълумоти муфассал диҳам», – гуфт ӯ.

Раҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар рӯзи 8 июл дар нишасти хабарӣ

дар ин робита изҳор намуда буданд,

ки аз куҷо сарф шудани 116 ҳазор доллари ИМА воситаҳои Бунёди глобалӣ барои мубориза бо бемории ВИЧ/СПИД хабар надоранд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 20 июни соли ҷорӣ президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз сохторҳои дахлдор талаб кард, ки бо кадом мақсадҳо харҷ шудани 116 ҳазор доллари ИМА воситаҳои Бунёди глобалӣ барои мубориза бо бемории ВИЧ/СПИД-ро шарҳ диҳанд.

Қобили зикр аст, ки санаи 13 май Дафтари бозрасии кулли Амрико (Office of Inspector General – OIG)  баъд аз як тафтиш Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистонро 

ба сохтакорӣ дар ҳисоботи молиявӣ ва эҳтимоли тақаллуб

 айбдор кард.

Бозрасонон иттилоъ доданд, ки  ҳангоми тафтиши иҷрои як тарҳи мубориза бо бемории ВИЧ/СПИД, ки онро Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон татбиқ мекард, аломатҳои тақаллуб ва сохтакорӣ ошкор шудаанд. Ба гуфтаи онҳон, аз ҳисоби бештар аз 300 000 долларе, ки Бунёди глобалӣ аз тариқи тақсимкунандаи асосии кӯмакҳо – Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ба Кумитаи ҷавонон додааст, дар сарфи 116 726 доллари он сохтакорӣ сурат гирифтааст.

Намояндагии Барномаи Рушди СММ дар Душанбе дар шарҳи гузориши ОIG-ро изҳор дошт, ки баъд аз ошкор шудани қонуншиканиҳо дар истифодаи кӯмакҳои молии Бунёди глобалӣ, UNDP ин масъаларо бисёр ҷиддӣ гирифт ва аз ин ба баъд робитаро бо дарёфткунандаи кӯмакҳо (Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ) қатъ мекунад.

МЕДИА (Youtube Embed)