Ташкилоти экологии «Замини Хурд» (Маленькая Земля) бо дастгирии Фонди норвегии ҳифзи табиат дар бораи ҳаёти деҳоти дурдасти кӯҳӣ дар водии Бартанги Помир як филми кӯтоҳмуддати мустанадро наворбардорӣ кард.
Дар иттилоияи ин ташкилоти ғайриҳукуматӣ дар ин робита зикр мегардад, ки шароити номусоиди табиати кӯҳистони баланд, вазъи маишии вазнин, захираҳои маҳдуд, дурӣ аз шаҳрҳои бузург ва наздикӣ ба кӯли хатарноки Сарез – воқеияти ҳамарӯзаи сокинони водии Бартанг мебошад.
«Соҳои тӯлонӣ онҳо дар ҳаммоҳангӣ бо табиат дар сарзамини аҷдодии худ зиндагӣ доштанд, лекин истифодаи ғайриоқилонаи захираҳо ва босуръат буридаву несту нобуд шудани дарахту растаниҳо барои ҳезум, ба аз байн рафтани низомҳои экологии нозук оварда расонида, бе ин ҳам вазъи мушкили деҳоти кӯҳиро душвортар карданд», – омадааст дар иттилоияи ташкилоти мазкур.