spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Сомонаҳои «бесомон» дар Суғд (чандрасонаӣ)

Масъулин нокифоятии маблағ ва камбуди мутахассисонро сабаби чунин вазъият медонанд. Чӣ бояд кард, то мушкили дастрасии мардуми маҳаллӣ ба иттилоот ҳалли худро ёбад?

Чӣ буду чӣ шуд…

Мутахассисони ташкилоти ҷамъиятии «Кова» дар солҳои 2012-2013 барои мақомоти вилояти Суғд ва 18 шаҳру ноҳияи он сомонаҳои иттилоотӣ тарроҳӣ кардаву дар шабакаи Интернет ҷой доданд.

Сароғоз интизор мерафт, ки ҳар як мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ин пас иттилооти дорои аҳамияти ҷамъиятиро дар сомонаи худ пайваста ҷойгир хоҳад кард.

МЕДИА (IFRAME)

Вале алъон танҳо торнамоҳои вилояти Суғд, шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Гулистон (собиқ Қайроққум), Бӯстон (собиқ Чкалов) ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъол буда, ба таври муназзам иттилоот пешниҳод мекунанд. Аснои боз кардани сомонаҳои боқимонда, онҳо ё фаъол нестанд, ё дар сафҳаи аслияшон навиштаи «Санҷиши техникӣ» намудор аст (масалан, дар вебсайтҳои навоҳии Мастчоҳ ва Деваштич).

Оё мардум огоҳ аст?

Барои фаҳмидани сатҳи огоҳии мардум аз мавҷудияти сомонаҳои мақомоти маҳаллӣ, дар авохири моҳи апрели соли ҷорӣ як назарпурсиро дар 2 гурӯҳи фейсбукӣ – «Хуҷанд шаҳри ман» (зиёда аз 9000 иштирокдор) ва « Хуҷандро дӯст медорам» (беш аз 11600 иштирокдор) ҷойгир кардем. Бо овардани номгӯйи торнамоҳои фаъол, пурсиши мо ба забонҳои тоҷикию русӣ аз корбарон чунин буд:

«Муҳтарам фаъолони гурӯҳ! Лутфан, ба ин суол посух диҳед: Шумо аз кадом торнамо (сайт)-ҳои айни замон фаъоли мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва вилояти Суғд истифода мекунед?».

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар маҷмӯъ аз шумори иштирокдорони ҳар ду гурӯҳи фейсбукӣ 58 нафар овоз додаанд. Зимнан яке аз корбарони интернетӣ дар номгӯйи торнамоҳои фаъоли мақомоти вилояти Суғд ва шаҳру навоҳии он сатри «аз ягонтааш» (имло бетағйир, ба манзури «Ҳеҷ кадом»)-ро илова кард, ки теъдоде аз иштирокдорони гурӯҳ ҷонибдори ин мавқеъ шуданд.

Дар зер доданамои раъйдиҳии корбарони Facebook:

МЕДИА (IFRAME)

Мушкилот дар асри фанноварӣ

Музаффар Юнусов, сухангӯйи раиси вилояти Суғд фаъол набудани аксари торнамоҳои расмии маҳаллиро ба мушкили молӣ ва камбуди мутахассисони варзида рабт медиҳад. Вай бар ин назар аст, ки роҳандозии сомонаҳои иттилоотӣ дар сохторҳои давлатӣ як ҷузъи муҳими ҳукумати электронӣ маҳсуб ёфта, он ҳамчун пуле миёни ҷомеа ва мақомоти давлатӣ буда метавонад.

МЕДИА (IFRAME)

Ҳамзамон Маҳмудҷон Дадобоев, котиби матбуотии шаҳрдории Хуҷанд мегӯяд, ки асри XXI қарни технологияи иттилоотӣ аст ва имрӯз наметавон бо васоити куҳнаи таъсиррасонӣ ба хонаҳои мардум роҳ ёфт. Ба андешаи ӯ, мардум бояд дар баробари дастрасӣ ба иттилоот, роҷеъ ба масъалаю муаммоҳое, ки онҳоро ба ташвиш овардааст, тавассути сомонаҳои интернетӣ посух бигиранд.

МЕДИА (IFRAME)

Аз супориш то амал

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳанӯз 3 сол қабл собиқ муовини раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов дар як мулоқоташ бо рӯзноманигорон аз фаъол набудани торнамоҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ изҳори нигаронӣ кард: «Ҳамчун масъули ҳамин самт ҳисоб мекунам, ки кори мо имрӯз дар масъалаи таъсиси сомонаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ғайриқаноатбахш ба роҳ монда шудааст. Тамоми фишангҳоро истифода бурдем. Гумони банда ҳамин аст, ки дар ин ҷо омили тарс ҳам вуҷуд дорад – аз тарафи шахсоне, ки намехоҳанд имрӯз сомонаи мақомоти иҷроияи ин ё он шаҳру ноҳияро таъсис диҳанд».

Зимнан Сангинов ба масъулин супориш дода буд, ки дар асоси Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи таъсис додани ҳукумати электронӣ» то охири соли 2013 сомонаҳои расмии ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Суғдро фаъол созанд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Аммо ба назар мерасад, ки масъулини сохторҳои дахлдор, аз ҷумла, бахши идеологии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо то ҳанӯз аз нақши таъсиррасони васоити электронии ахбор мақсаднок истифода намекунанд. Мисоли чунин ҳолат ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ)аст, ки зиёда аз 140 ҳазор аҳолӣ дорад, вале торнамои расмияш аз соли 2013 инҷониб бо навиштаи «Санҷиши техникӣ» фаъол нест.

МЕДИА (IFRAME)

Сабабашро муовини аввали раиси ин ноҳия Рафоат Каримова ба камбуди маблағ ва норасоии мутахассисони идоракунанда марбут медонад.

Чӣ бояд кард?​​​​​​​

Дар робита ба ин масъала Сӯҳроб Ниёзов, коршиноси фанновариҳои иттилоотиву иртиботӣ мегӯяд, ки пеш аз оғози фаъолияти сайтҳо бояд нақшабандӣ кард ва заминаи кадрию техникиро фароҳам сохта, бо мутахассисон дар ин самт ҳамкории зич ба роҳ монд. Ҳамзамон хароҷоте, ки ин сайтҳо талаб мекунанд, бояд рӯйпӯш карда шавад, то фаъолияташон қатъ нагардад.

МЕДИА (IFRAME)

Дастрасӣ ба иттилоот = шаффофияти мақомот​​​​​​​

Дар замони рушди фанновариҳои навин мавҷуд ва фаъол будани торнамоҳои мақомоти давлатӣ заминаи дастрасии мардум ба иттилооти дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ва таъмини шаффофияти кори масъулин буда, қадами устувор дар самти татбиқи ҳукумати электронӣ мебошад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...