Масъулин мегӯянд, ки сатҳи таъмини аҳолӣ бо мошинҳои Ёрии таъҷилӣ дар вилоят ҳамагӣ 36 дарсад аст… Дар марҳилаи кунунӣ дастрасии мардуми маҳаллиро ба кӯмаки аввалияи тиббӣ чӣ сон метавон беҳтар кард?
Воқеият хилофи меъёр аст
Аз рӯйи меъёрҳои муқарраршуда, ба ҳар 10 ҳазор аҳолӣ бояд 1 нақлиёти Ёрии таъҷилӣ бо дастаи мутахассисон ва таҷҳизоти зарурӣ хизмат расонад. Вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки воқеият дигар аст: дар вилояти Суғд, ки наздик ба 2,5 миллион аҳолӣ дорад, дар авохири соли 2015 шумораи мошинҳои коршоями Ёрии таъҷилӣ 87 ададро ташкил медод ва имрӯз вазъият ба таври назаррас беҳтар нашудааст.
Дар маркази маъмурии вилояти Суғд, ки ҳудуди 170 ҳазор аҳолӣ дорад, ҳамагӣ 10 нақлиёти Ёрии таъҷилӣ ба сокинон хизмат мерасонад. Ҳамзамон шароити на ҳамаи онҳо ба меъёрҳои тиббӣ ва талаботи фаннӣ мутобиқат мекунад. Аммо ба гуфтаи собиқадорони соҳа, дар замони Шӯравӣ танҳо дар шаҳри Хуҷанд, ки шумораи сокинонаш назар ба имрӯза камтар буд, ҳудуди 20 дастаи Ёрии таъҷилӣ ба аҳолӣ хизматрасонӣ мекард.
Чӣ тавре ки ронандагону духтурон мегӯянд, ин мошинҳо муҳлати хизматашонро кайҳо адо кардаанд ва имрӯз кӯҳнаю фарсуда шудаанд. Бархе аз онҳо 14 сол инҷониб фаъолият доранд. Ҳатто ба ин ниҳод нақлиёте аз қабили «Тангем» дода шудааст, ки ба талаботи мошини Ёрии таъҷилӣ ҷавобгӯ нест.
Тоҳир Бобоев, ронандаи Ёрии таъҷилии шаҳри Хуҷанд мегӯяд, шароит дар замони Шӯравӣ тамоман дигар буд ва ҳадди ақал дар 3 сол як маротиба мошинҳо пурра нав карда мешуданд.
Масоили ҳалталаб
Бино ба иттилои Раёсати тандурустӣ, ҳоло дар ҳудуди вилояти Суғд 87 дастаи Ёрии таъҷилии тиббӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонад, ки ин 36 дарсадро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти оморӣ, то рӯзи 5-уми ноябри соли 2015 ба сокинони вилоят 5 стансия, 17 шуъба ва 44 нуқтаи Ёрии таъҷилии тиббӣ хизмат мерасонид. Ҳамзамон аз 136 нақлиёти ин сохтор 87 адад коршоям буд. Ба гуфтаи директори Муассисаи мошинсарои воситаи нақлиёти махсуси тиббӣ Аюбҷон Дадоҷонов, соли гузашта барои таъмири мошинҳо аз ҳисоби буҷаи вилоят зиёда аз 91 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд, ки он ба 90% таъмири нақлиёт кифоя мекард.
«Дар соли 2016 барои таъмини сӯзишворӣ 800 ҳазор сомонӣ ва барои таъмири воситаҳои нақтиёти Ёрии таъҷилӣ 146 ҳазору 100 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст, – мегӯяд Ҷаъфар Маматов, сармутахассиси Раёсати тандурустии вилояти Суғд оид ба сохтмон. – Ин маблағ танҳо ба нақлиёти Ёрии таъҷилӣ, ки дар Муассисаи мошинсарои воситаи нақлиёти махсуси тиббӣ қарор доранду дар шаҳри Хуҷанд фаъолият мекунанд, тааллуқ дорад».
Ҳамчунин соли ҷорӣ бо мақсади беҳтар кардани хизматрасонии тиббӣ дар шаҳру ноҳияҳо аз таъмир баровардани 24 мошини Ёрии таъҷилӣ пешбинӣ шудааст. Вале муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ моҳе қабл зимни як ҷаласа бо иштироки намояндагони соҳаи тандурустӣ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки аз аввали сол ҳамагӣ 12 мошини Ёрии таъҷилӣ таъмир гардидааст.
Нақлиёти Ёрии таъҷилӣ бояд чӣ гуна бошад?
Мутобиқи низомномаи соҳавӣ, ки бо фармони Вазорати тандурустии ҶТ таҳти №345 аз 23-юми октябри соли 2004 тасдиқ шудааст, нақлиёти Ёрии таъҷилӣ бояд аз рӯйи меъёрҳои зерин ба аҳолӣ хизмат расонад:
«Вобаста ба миқдори аҳолӣ бояд бригадаҳои махсус (кӯдакона, эҳёгарӣ, дилшиносӣ, рӯҳшиносӣ) ташкил карда шавад. Тибқи талабот воситаҳои нақлиёти тиббӣ бояд бо рамзҳои махсус ва чароғакҳо муҷаҳҳаз бошанд. Онҳо бояд бо таҷҳизоти махсус барои расонидани ёрии таъҷилии тиббию фаврӣ ба бемор ҷиҳозонида шаванд. Нақлиёт бояд равшан бошад, таъмини ҳарорати муътадил ҳам дар фасли зимистон ва ҳам тобистон нигоҳ дошта шавад, инчунин замбар, баллони оксигенӣ, азот, дастгоҳи сабти барқи дил, шина, дамкашак, лавозимот барои хизматрасонӣ ҳангоми таваллуд ва ҷарроҳӣ дошта бошад. Муҳлати истифодабарии воситаҳои нақлиёти таъҷилии тиббӣ аз рӯйи меъёрҳои мавҷуда бояд 5 сол бошад. Тибқи меъёрҳо ба 10 ҳазор аҳолӣ 1 адад нақлиёт бояд ҷудо карда шавад».
Аммо ин аксҳо худ баёнгари ҳолати кунунии чунин мошинҳо дар шимоли кишваранд.
Ранг бину ҳол пурс
Айни ҳол шароити кории Стансияи Ёрии таъҷилии ш. Хуҷанд, ки дар беморхонаи шаҳрии №2 ҷойгир шудааст, на он қадар хуб аст.
Барои беҳтар кардани вазъият беш аз як сол мешавад, ки сохтмони бинои аз замони Шӯравӣ бозмонда идома дорад. Духтурони Ёрии таъҷилӣ умедворанд, ки он ҳадди ақал имсол дар арафаи иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ пурра таъмиру азнавсозӣ гардида, шароити кор беҳтар мешавад. Бинои дуюми ин сохтор, ки дар кӯчаи «Мир» қарор дорад, ҳамчунин таъмирталаб аст.
7 дирам барои як даъвати Ёрии таъҷилӣ
Галина Умарова , сардори стансияи Ёрии таъҷилии ш. Хуҷанд мегӯяд: «Мо ҳангоми фаъолият аз аҳолӣ маблағ талаб намекунем. Тамоми хизматрасонӣ ройгон аст, чунки роҳбарияти шаҳр моро дастгирӣ мекунад ва ягон муаммо дар мавриди доруворию сӯзишворӣ нест. Ҳамарӯза барои ҳар як нақлиёт дар фасли гармо 15-20 литр ва дар мавсими сармо 20-25 литр сӯзишворӣ ҷудо карда мешавад».
Марбут ба ин масъала аз Раёсати молияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Хуҷанд ба мо иттилоъ доданд, ки барои хизматрасонии Стансияи Ёрии таъҷилӣ дар маркази маъмурии вилояти Суғд соли гузашта аз ҳисоби буҷаи мақомоти мазкур зиёда 2 миллион сомонӣ ва имсол наздик ба 2,5 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Аз ҷумла, тӯли ин ду сол барои харидани доруворӣ 180 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.
Бино ба маълумоти Раёсати тандурустӣ, таъминоти маблағи доруворӣ ба як даъвати Ёрии таъҷилӣ дар вилояти Суғд 1,6 сомониро ташкил медиҳад. Вале дар шаҳру ноҳияҳо ин ҳолат фарқ мекунад.
Ҳамзамон тибқи иттилои масъулини Раёсати тандурустӣ, маблағи сӯзишворӣ дар маҷмӯъ барои як даъват дар вилоят 4,38 сомониро ташкил медиҳад. Аммо дар бархе аз шаҳру ноҳияҳо вазъият нигаронкунанда аст.
Дастгирии мақомоти маҳаллӣ зарур аст
Салом Ваҳҳобов, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд зимни баргузории нишасти хабарӣ дар моҳи январи соли ҷорӣ гуфта буд, ки вазъияти баамаломада беҳбудиро тақозо мекунад ва барои хубтар шудани кори стансияҳои Ёрии таъҷилӣ, онҳо аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ низ бояд дастгирӣ ёбанд.
Ҳамзамон раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар нишасти матбуотии январияш изҳор дошт, ки соли 2016 дар вилояти Суғд соли «Фарди солим» эълон шуда, тамоми беморхонаҳои вилоят таъмир карда мешаванд. Аз ҷумла, барои харидории нақлиёти Ёрии таъҷилӣ 1,2 миллион сомонӣ ҷудо мешавад.
Интизорот дар соли «Фарди солим»
Чӣ тавре ки худи масъулин мегӯянд, соҳаи тиб дорои мушкилоти ҳалталаб аст ва барои беҳтар кардани вазъ дар ин самт бояд кӯшиши зиёд ба харҷ дод. Аммо вақт довар аст, ки то кадом андоза мутасаддиён барои фароҳам овардани шароити мусоид дар муассисаҳои тиббӣ талош меварзанду муаммоҳои мавҷуда ҳалли худро меёбанд. Чун ҳадаф аз эълони соли «Фарди солим» беҳтар кардани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мебошад, сатҳи дастрасии мардум ба муассисаҳои тандурустӣ, хусусан, ба кӯмаки аввалияи тиббӣ худ баёнгари он хоҳад буд, ки то кадом андоза давлатдории мо иҷтимоӣ ва ҳуқуқбунёд аст.