spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Заминҳои корами Хатлон кам мешаванд (чандрасонаӣ)

Аксари коршиносон камбуди молиявиро омили аслии ин ҳолати табоҳи мелиоративӣ ё худ саривақт поккорию нигаҳдорӣ нашудани иншооти вижаи обёрӣ медонанд.

МЕДИА (IFRAME)

Об гунаҳкор ё масъулин?

«Фақат давоми соли 2015 дар вилоят 6 ҳазору 250 гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун монд. Вазъ имсол ҳам бетағйир аст, аммо таҳлилу ҳисобукитобаш бояд моҳҳои оянда сурат бигирад», – мегӯяд Сафар Раҳимов, муовини сардори Идораи Кумитаи замин дар вилояти Хатлон.

МЕДИА (IFRAME)

Дар ҳамин ҳол Абдулмуъмин Улфатов, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон изҳор дошт, ки ҳамасола аз маҷмӯи заҳбуру заҳкашҳои вилоят ҳамагӣ 50 дарсадашон тоза карда мешаванд, ки ин нокифоя буда, боиси поин рафтани ҳосилнокии замин мегардад.

МЕДИА (IFRAME)

«Мо дигар аз заминҳоямон ҳосил гирифта наметавонем, девори хонаҳоро шӯр хӯрда истодааст, дарахт шинонем, соли дуюм хушк мешавад, – гила оғоз кард Тоҳир Шоҳимардонов, сокини кӯчаи “Коммунизм”-и шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ. – Вазъ то ҷое расидааст, ки агар заминро ҳамагӣ 40 сантиметр кобӣ, об мебарояд. Чунки заҳбури маҳаллаи моро баъд аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар 3-4 сол ҳамагӣ як маротиба тоза мекунанд».

МЕДИА (YOUTUBE)

Сокини дигари ин мавзеъ Бурҳон Исмоилов дар тақвияти сухани ҳамсояаш гуфт: «Ман “качалка” (манзур, ҷумаке, ки тавассути лӯлаи борик обро аз зери замин ба боло мекашад) насб кардаам, ки аз ин ҳисоб шӯрии замин кам шуд».

ИЗОБРАЖЕНИЕ
МЕДИА (IFRAME)

Зимнан Шоҳимардонов луқма партофт, ки дар масъалаи зуд пур шудани заҳбурҳои атрофи шаҳрак худи шаҳрвандон низ гунаҳкоранд. Вай афзуд : «Бегоҳ дар атрофи бозор партовро ба заҳбур меафкананд».

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Пайомади обхезӣ ва пойгоҳҳои фарсуда

«Обхезӣ сабаби дигари аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои вилоят аст», – мегӯяд Абдувалӣ Назаров, сармуҳандиси Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ. Ба иддаои ӯ, дар мавсими боришот фақат дар қаламрави ин ноҳия дарёи тезҷараёни Вахш ҳудуди 6 километр заминҳои наздисоҳилиро шустааст. Дар маҷмуъ аз 787 гектар (!!!) заминҳое, ки дар ноҳияи мазкур аз гардиши кишоварзӣ берун рафтаанд, 325 гектараш бинобар мушкили мазкур аз қабати ҳосилхези хок маҳрум шудаанд, ё фурӯ рафта, ба ғору ҷар мубаддал гардидаанд.

МЕДИА (IFRAME)

Омили мушкилзои дигар, ба андешаи ӯ, фарсуда шудану аз кор мондани пойгоҳҳои обкашӣ мебошад. «Дар ҷамоати деҳоти “Яккатут”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз кор баромадани ду пойгоҳи обкашӣ боиси аз гардиши кишоварзӣ канор рафтани заминҳои хоҷагии “Сомониён” гардид. Дар ҷамоати деҳоти “Арал” 135 гектар бинобар сабаби аз истифода берун рафтани шабакаҳои обёрӣ ба ғайрикишоварзӣ табдил ёфт», – иброз дошт сармуҳандис ва афзуд, ки таъмиру барқарорсозии шабакаҳои обёрӣ ба зиммаи худи хоҷагиҳо вогузор шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аммо Шамсиддин Гадоев, муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон бар ин назар аст, ки харидорию насби пойгоҳҳои калони обкашӣ ва лӯлаҳои калонқутр корест миёншикан.

 

«Як адад пойгоҳи калони обкашӣ беш аз 120 ҳазор доллари ИМА арзиш дорад. Агар пойгоҳи обкаширо иваз кунию хати обро не, ҳама меҳнат барабас меравад. Чунки зиёда аз 100 километр лӯлаҳои ҳудуди вилояти мо беш аз 50 сол хидмат кардаанд ва ҳангоми фишори зиёд якбора аз чандин ҷояшон сӯрох мешаванд. Арзиши як метри ин навъи лӯла бо насб карданаш 2,5 – 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад», – афзуд Гадоев ва иттилоъ дод, ки масъулини навоҳии Дӯстӣ, Қубодиён ва Панҷ чандин сол боз роҳҳали ин мушкилро пайдо кардан мехоҳанд.

МЕДИА (IFRAME)

Ӯ сабаби дигари корношоям гардидани заминҳои корамро чунин арзёбӣ кард: «Азбаски бархе аз техникаҳои заминканамон аз муҳлати истифодаашон чандин баробар бештар кор кардаанд, яъне ҳанӯз 30-40 сол қабл истеҳсол шудаанд, ҳамеша мушкил пеш меоранд».

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Камбуди молиявӣ – сарчашмаи ҳама мушкилот?

Бо назардошти ҳолати бади мелиоративии заминҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, сармуҳандис Абдувалӣ Назаров изҳор дошт, ки агар дар соли 2016 аз буҷети маҳаллӣ лоақал андаке маблағгузорӣ сурат мепазируфт, онҳо корҳои зиёдеро анҷом дода метавонистанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамзамон Шамсиддин Гадоев таъкид кард, ки бинобар камбуди маблағ ин мавсим дар ҳудуди вилоят ба ҷойи 4 ҳазору 432 гектар дар маҷмуъ ҳолати 869 гектар (19,6%) беҳ гардонида шудаасту бас. Вай афзуд: «Бояд барои беҳсозии ҳолати мелиоративии заминҳо аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 7 миллиону 162 ҳазор сомонӣ ихтисос меёфт. Вале то ин муддат маблағгузорӣ ба миқдори 1 миллиону 234 ҳазор сомонӣ сурат гирифтааст, ки ин 17 дарсади нақша маҳсуб меёбад».

МЕДИА (IFRAME)

Ҳамрадиф иттилоъ дода шуд, ки аз 25 шаҳру навоҳии вилоят дар солҳои 2014 – панҷ, 2015 – даҳ ва 2016 – дувоздаҳ шаҳру ноҳия аз буҷети маҳаллӣ баҳри амалисозии тадбирҳои мелиоративӣ ягон сомонӣ ихтисос надоданд. Ва тӯли ин се сол аз буҷети вилоят низ маблағ ҷудо нагардид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ин росто Холмаҳмад Одинаев, сардори шуъбаи соҳаҳои иқтисодии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон гуфт, ки маблағҷудокуниро агар бо солҳои пеш қиёс намоем, он ҳамасола иловатан 200-300 ҳазор сомонӣ зиёд мешавад. Вай афзуд: «Дуруст аст, ки баъзе ноҳияҳо аз сабаби иҷро нашудани қисми даромади буҷеташон давоми 5 моҳ ҳеҷ маблағгузорие анҷом надодаанд, аммо дар оянда хоҳанд дод».

МЕДИА (YOUTUBE)

Дар шарҳи ин ҳол Хайриддин Наҷмиддинов, сардори Раёсати молияи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гуфт, ки имсол аз буҷети вилоят 150 ҳазор сомонӣ дархост карда буданд, вале дастрас нашуд: «Аз сабаби он ки қисми даромади буҷети вилоят иҷро нагардид, яъне аз ҳисоби андози ноҳияи Ёвон ба он маблағ ворид нашуд, мо тиҳидаст мондем».

МЕДИА (IFRAME)

Маблағгузорӣ ҳаст ё не?

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар пайи шикваи рӯзафзуни масъулин аз норасоии маблағ аҷиб он аст, ки Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон авоили соли ҷорӣ зимни ироаи паём ба аъзои Маҷлиси Олии ҶТ таваҷҷуҳ ба соҳаи мавриди таҳлилро қаноатбахш арзёбӣ карда, гуфт: «Дар 15 соли охир дар соҳаи кишоварзӣ 42 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 3,7 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд. Айни замон дар соҳаи мазкур татбиқи 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми 1,5 миллиард сомонӣ идома дорад»…

Хатлонзамин ба ҳайси як минтақаи умдатарини кишоварзӣ аз шумори бархурдорони ин кӯмакҳо истисно набуду нест. Пас, мушкил дар чист?

Дасти қонун зӯр аст, ё назорат суст?

Ҳабибулло Қодиров, муовини сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон мегӯяд, ин ниҳод барои ҷилавгирӣ аз саҳлангориҳое, ки боиси аз гардиши кишоварзӣ берун рафтани заминҳо шудаанд, 11 масъулро ба маблағи 3 ҳазору 319 сомонӣ муваззаф ба ҷуброни зарар кард.

МЕДИА (IFRAME)

То ҷойе мо огаҳ шудем, дигар мақомот ҳам даст рӯйи даст нанишастаанд. Бо вуҷуди он, суоле пайваста дар ангезиш аст, ки чаро ин ҳама тадобир камтаъсиранду корношоямии заминҳоро ба таври муассир пешгирӣ карда наметавонанд? Шояд усули вазифагузорӣ ва тақсимоти мақсадноки маблағҳо ниёз ба таҷдид дорад? Ба ин суол, мутаассифона, ҳеҷ кадоме аз мусоҳибони мо ҳозир нашуданд, ки посух гӯянд ва риштаи чигили масъаларо бикшоянд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...