Хазинаи кӯдакони СММ (UNISEF) барои баргузор намудани ташхиси маҳсулот, аз ҷумла бозичаҳо барои кӯдакон ба Агентии «Тоҷикстандарт» таҷҳизот тақдим намуд.
Коршиноси Агентии «Тоҷикстандарт» Убайдулло Раҳматуллоев зимни нишасти хабарӣ дар мавриди ин масъала изҳор намуд, ки онҳо беш аз 1 ҳазор намунаҳои бозичаҳоро ташхис намуда, 80%-и онҳо ғайриқобили истифода арзёбӣ шудаанд ва дар таркибашон маводи токсикии зиёд доранд. «Аз ин рӯ, вақти ххаридории ин навъи маҳсулот мебояд ба сифати он таваҷҷуҳ зоҳир намуда, сертификати онро талаб кард», – гуфт ӯ.
Директори Агентӣ Ибодулло Қурбониён гуфт, тӯли 2 моҳ дар саросари кишвар 11 ҳазору 671 адад бозичаҳои кӯдаонаи сифаташон паст мусодира шуда, тамоми ин маҳсулот ба ҷумҳурӣ бо роҳи қочоқ асосан аз Чин ворид шудааст ва ҳуҷҷати расмӣ надорад.
«Бо мақсади ҳифзи солимии кӯдакон мо меъёр ва регламент таҳия намуда, онро ба баррасии ҳукумати фиристодем. Тавассути он бехатарии бозичаҳо барои кӯдаконро метавон муайян кард. Дар сурати тасдиқи ин санад, он дастраси ҳамагон шуда, назорат болои сифати бозичаҳо пурзӯр карда мешавад», – иброз дошт роҳбари Агентӣ.
Дар ҳамин ҳол, таъкид шуд, ки дар дохили ҷумҳурӣ дар шаҳри Истаравшан барои кӯдакон бозичаҳои хушсифат истеҳсол карда мешаванд, вале алҳол номгӯи онҳо нисбатан камтар аст. «Ояндаи наздик дар Истаравшан бояд боз як корхонаи нави истеҳсоли бозичаҳо барои кӯдакон ба кор дарояд», – афзуд номбурда.