spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Роҳҳои маҳаллии вайрон дар Хатлон (чандрасонаӣ)

Сабаби аслии чунин ҳолат камию нокифоятии маблағҳои ҷудошуда аз буҷетҳои шаҳру навоҳии вилоят дониста мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Роҳҳои пулхӯр

Аз вазъи роҳҳои маҳаллӣ соҳибони нақлиёт, бахусус, ронандагони таксӣ розӣ нестанд. Вақте аз ҷодаи мошингарди Қӯрғонтеппа – шуъбаи дуюми хоҷагии Файзалӣ Саидови ноҳияи Бохтар боздид мекардем, ронандаи ҳамроҳамон шикоят аз он дошт, ки бар асари харобии ҷода мошинҳо зуд аз кор мебароянд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

МЕДИА (IFRAME)

«Худатон бубинед, ки дар кадом ҳолат аст. Ҳар рӯз дар ин роҳ зада-зада, рафтуомад мекунем. Дар фасли зимистон тамоми роҳ даруни об меравад. Ҳар се моҳ маҷбур мешавем, мошинро таъмир кунем. Резинҳои мошин кандаю парида мераванд», – афзуд ӯ.

МЕДИА (YOUTUBE)

Аз вазъи ҷодаҳои ин мавзеъ ду ронандаи дигари ноҳияи мазкур Убайдулло Саидов ва Саидумрони Саидқосим низ шиква карда, дар тақвияти гуфтаи ҳампешаашон изҳор доштанд, ки ҷодаҳои маҳалли зисташон ҳам кайҳо рӯйи таъмирро надидаанд. Яке аз онҳо гуфт, ки аз сабаби зиёд масраф шудани маблағ барои таъмири автомашинааш, аз кирокашӣ фоидаи хуб ба даст оварда наметавонад: «Бинобар бисёрии чуқурчаҳо ва пастию хамии роҳ моҳе нест, ки ягон ҷойи мошинам нашиканад ё аз кор набарояд. Агар қисмҳои эҳтиётии нақлиёт ва таъмираш арзон мебуд, боке надошт. Вале афсӯс, ки ин тавр нест».

МЕДИА (IFRAME)

Гурӯҳи ронандагон  дар хатсайри Қӯрғонтеппа – хоҷагии Кирови ноҳияи Вахш низ аз вазъи ногувори роҳашон изҳори нигаронӣ карданд: «Роҳ аз ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Бохтар то охири хатсайр тамоман вайрон шудааст. Мошин яктарафа меравад, мисле ки дар куҳтал мерафта бошӣ. Ҳанӯз 10-15 сол қабл онро таъмир карда буданд ва то имрӯз боз вайрону валангор шудааст. Мо ду сол пеш сари ҳар як мошин аз 20 то 50 сомонӣ ҷамъ карда, ҷойҳои чуқуршударо санг рехтем. Баъд аз муддати кутоҳ сангҳо парида рафтанду боз ҳамон аҳвол боқӣ монд».

Маблағгузорӣ афзудааст?

Ин дар ҳолест, ки ба иддаои масъулин, тайи солҳои охир ҳаҷми маблағгузорӣ барои таъмиру таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ дар миқёси вилоят батадриҷ афзоиш меёбад.

МЕДИА (IFRAME)

Тавре Холмаҳмад Одинаев, сардори шуъбаи соҳаҳои иқтисодии Сарраёсати вилояти Хатлон иброз дошт, «соли 2011 маблағи ҷудошуда барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ 1 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил медод. Дар соли 2015 ин маблағ ба 19 миллион сомонӣ расидааст». 

МЕДИА (IFRAME)

Аммо таҳлили омор нишон медиҳад, ки афзоиши маблағгузорӣ бештар аз ҳисоби шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Ёвон сурат пазируфта, шуморе аз навоҳии вилоят тӯли 3 соли охир барои нигоҳдории роҳҳояшон маблағе ихтисос надодаанд ва ё ҷудо карда бошанд ҳам, ба миқдори ночиз.

МЕДИА (IFRAME)

Марбут ба чунин вазъ Нурулло Раҳимов, сардори Раёсати молияи Қубодиён гуфт: «Дар барномаи рушди иқтисодии ноҳия, ки аз ҷониби Ҳукумати ҶТ тасдиқ шудааст, дар соли 2016 ҷудо шудани 50 ҳазор сомонӣ барои таъмири роҳҳо аз буҷаи маҳаллӣ пешбинӣ гардида буд, вале он таъмин нашуд. Мо кӯшиш мекунем, ки баъд аз пардохти пули рухсатии меҳнатии омӯзгорон, маблағи пешбиникардаи барномаро барои муассисаи нигоҳдории роҳҳои ноҳия то ҷашни 25-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дарёфт ва ҷудо кунем».

«Халтаҳои сӯрох»-и буҷет

Музаффар Холиқов, сармуҳандиси Идораи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон мегӯяд, он маблағгузорие, ки барои таъмири ҷодаҳои минтақавӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо тӯли чанд соли охир сурат мепазирад, кофӣ нест. «Дар мувозинати Идораи мо 1991,6 км роҳҳои маҳаллӣ мавҷуд аст, ки ба 12 шаҳру ноҳия хизмат мерасонад. Дар 6 моҳи аввали соли 2016 ноҳияи Панҷ 10 ҳазор, Сарбанд 18 ҳазор, Хуросон 46 ҳазор ва Ёвон 614 ҳазор сомонӣ ҷудо кардаанд. Мутаассифона, ноҳияҳои дигар, аз ҷумла, Бохтар, Шаҳритӯс, Қубодиён, А.Ҷомӣ, Вахш, Ҷайҳун ва Дӯстӣ ҳанӯз ягон сомонӣ ихтисос надодаанд», – иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

МЕДИА (IFRAME)

Ба гуфтаи ӯ, Вазорати нақлиёт баҳри дастгирии мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳатто иҷозат додааст, аз ҳисоби маблағҳое, ки барои роҳҳои сатҳи байнулмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешавад, 30 дарсадашро баҳри нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ истифода кунанд. Аммо ин маблағ ҳам нокифоя аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

«Дар минтақа 20 кӯпрук, ки қариб 70 сол хидмат кардаанд, таъмирталаб буда, ҳолати ногувор доранд. Барои азнавсозии як кӯпруки дарозияш 10 метр ва паҳнояш 6 метр зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ лозим аст. Ва ҳисоб кунед, ки 10 ҳазор сомонӣ чӣ мешавад. Барои азнавсозии 1 км роҳи маҳаллӣ ба ҳисоби миёна наздики 1 миллион сомонӣ ва барои рӯйпӯш кардани 1 км роҳ бо асфалти гарм ҳудуди 500 ҳазор сомонӣ лозим аст», – афзуд Холиқов.

Сабаби аз тарафи баъзе шаҳру навоҳӣ ихтисос наёфтани маблағ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳоро Холмаҳмад Одинаев, сардори шуъбаи соҳаҳои иқтисодии Сарраёсати вилояти Хатлон дар саривақт иҷро нашудани қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ мебинад. «Агар дар буҷет маблағи барзиёд пасандоз нашавад, пул аз куҷо меёбанд?», – иддао пеш овард ӯ.

Андози роҳ куҷо меравад?​​​​​​​

Бино ба маълумоти Нозироти андоз ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, андоз аз воситаҳои нақлиёт, ки ҳар як ронанда барои пардохташ муваззаф аст, давоми солҳои 2013 то 2015 барзиёд таъмин шудааст, вале маблағгузорӣ барои таъмири роҳҳо тамоюли баръакс дорад. Масалан, дар соли гузашта аз буҷетҳои шаҳру ноҳияҳо барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои минтақаи Қӯрғонтеппа 19 миллиону 279 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст, ки ин дар муқоиса бо андози супурдаи ронандаҳо хеле кам аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар шарҳи ин масъала Нурулло Раҳимов, сардори Раёсати молияи ноҳияи Қубодиён гуфт: «Ҳамасола дар қисми даромади буҷет андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз воситаҳои нақлиёти шахсони воқеӣ пешбинӣ шудааст. Аммо ин маблағҳо ба самтҳои дигар равона мешаванд. Мо ба Сарраёсати молияи вилоят пешниҳод ирсол кардем, ки ин маблағҳо ба самтҳои худ равона шаванд. Шояд дида мебароянд ва масъала ҳалли худро меёбад».

 

Мероси шӯравӣ – баракат ё дарди сар?​​​​​​​

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Омили дигари саривақт таъмир нашудани роҳҳои маҳаллиро масъулин дар куҳнаю фарсуда будани дастгоҳу нақлиёти соҳавӣ донистанд. Дар ин бора Толиб Тоҳиров, сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Қубодиён чунин гуфт: «Роҳҳои маҳаллии мо ҳанӯз дар солҳои шӯравӣ сохта шуда, то ба имрӯз ягон маротиба таъмири капиталӣ нагардидаанд. Дар мувозинати корхонаи мо 7 техникаи роҳсозӣ мавҷуд аст, ки аз онҳо 3 адад сохти шӯравӣ буда, ҳолати корношоям доранд. Имсол барои мо як техникаи роҳсозии боркунаки фронталӣ доданд, ки корамонро хеле осон кард. Аммо дигараш аз солҳои 70-уми асри гузашта мерос мондааст. Албатта, он чизе, ки мо дар ихтиёр дорем, барои нигоҳдории 144 километр роҳҳои маҳаллии ноҳия басанда нест».

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар навбати худ Илҳом Қараев, сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ шароити мавҷударо душвор донист: «Дар мувозинати мо 30 дарсади роҳҳои маҳаллӣ (180 км) дар ҳолати ногувор қарор доранд. Аз буҷаи маҳаллӣ тайи 5 моҳи соли равон 33 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Ду сол пеш 90 ҳазор сомонӣ ва соли гузашта 5 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд, ки ин ҳама барои нигоҳдории роҳҳо ночиз аст».

ИЗОБРАЖЕНИЕ

«Ихтироъ»-и роҳсозони маҳаллӣ​​​​​​​

Аз рӯйи мушоҳидаи мо, муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард шағал, қум ва битумро дар зери нури офтоб омехта, барои пур кардани чуқурчаҳои роҳ истифода мекунанд. Ба гуфтаи масъулин, чунин маҳсулот назар ба “асфалти тафсон” як баробар арзон аст, аммо сифаташро ягон сохтор кафолат намедиҳад. “Омехтаи сиёҳ” (асфалти хом) дар аввалин рӯзҳои боришот ё пас аз гузаштани мошинҳои гаронвазн ба зудӣ аз ҳам мерезад. Ин нуктаро зимни суҳбат мутахассисону ронандагон ҳам тасдиқ карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

«Бо назардошти ин ҳолат Вазорати нақлиёт дар ноҳияи Дӯстӣ як корхонаи асфалтбарории замонавӣ сохт, ки аз аввали сол беш аз 200 тонна маҳсулот истеҳсол кардааст», – иброз дошт Музаффар Холиқов, сармуҳандиси Идораи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон.

 

Муми Данғара – давои мушкилот?​​​​​​​

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ахиран Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон дар нишасти хабарӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2016 дар робита ба масоили ҳалталаби соҳа чунин ибрози назар кард: «Вазъи маблағгузории роҳҳои маҳаллӣ ва ҳолати онҳо мушкилоти ҷиддӣ аст ва моро қонеъ намекунад. Ҳарчанд аз буҷетҳои маҳаллӣ ва аз ҳисоби Ҳукумати ҶТ чандин километр роҳҳо дар шаҳру навоҳии вилоят таъмир шудаанд. Мушкили дигар ин гаронии нархи мум аст, ки асоси роҳро ташкил медиҳад. Муме, ки бо он роҳҳоро таъмир мекунем, аз таъсири барфу борони зимистон хеста меравад. Боварии комил дорем, ки пас аз мавриди истифода қарор додани корхонаи коркарди нафти Минтақаи озоди иқтисодии Данғара ва дастрасӣ ёфтан ба муми арзон суръати ҳалли баъзе мушкилот тезтар мешавад».

МЕДИА (IFRAME)

Умеди беҳбудӣ дар буҳрони молиявӣ​​​​​​​

Беҳтар кардани ҳолати роҳҳои маҳаллӣ дар вилояти Хатлон барои афзоиши суръати интиқоли бору коло ва рушди иқтисоду саноат, инчунин боло бурдани сатҳи некӯаҳволии мардум нақши муҳим дорад. Ҳалли мушкилоти ҷойдошта таваҷҷуҳи хоси масъулину аҳли ҷомеа ва таъмини маблағи бештар мехоҳад. Вале дар замони буҳрони молиявии кишвар ин камбудӣ аз кадом ҳисоб, чӣ сон ва кай бартараф мешавад, ҳанӯз норӯшан.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...