Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Омбудсмен муҷозоти гунаҳкорони бастани сомонаҳоро ваъда кард - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Омбудсмен муҷозоти гунаҳкорони бастани сомонаҳоро ваъда кард

Мавзуна Абдуллоева



Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон (Омбудсмен) Зариф Ализода бар ин назар аст, ки гунаҳкорони бастани сомонаҳои хабаргузориҳо бояд ҷазо дода шаванд.

Зимни нишасти хабарӣ Зариф Ализода дар ин робита изҳор намуд, ки сабабҳои қатъи дастрасӣ ба сомонаҳо мушкилоти техникӣ ё муҳтавои маводи нашршуда дар онҳо мебошанд. «Ман ҷонибдори танҳо бар асоси қонунгузории ҷорӣ баста шудани сомонаҳо ҳастам, вале агар дастрасӣ ба сомонаҳо бидуни қарори суд сурат гиранд, дар ин ҳолат гунаҳкорон бояд муҷозот шаванд», – иброз дошт Ализода.

Омбудсмен таъкид дошт, ки бо мақсади расидагӣ ба риоя нашудани ҳуқуқҳои дастрасии шаҳрвандон ба маълумот, бояд нисбати ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерҳо), ки бидуни огаҳии расмӣ сомонаҳоро мебанданд, чораҳои қонунӣ андешида шаванд.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон дар мавриди ин масъала ба Хадамоти алоқа муроҷиат намуда, аз он ҷо хабар додаанд, ки қатъи дастрасӣ ба сомонаҳо ба мушкилоти техникӣ марбут аст.

Дар ҳамин ҳол, зимни нишасти хабарии санаи 3 август сардори Раёсати танзими алоқаи Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Ҷонибек Дадоматов изҳор кард, ки Хадамоти алоқа ба қатъи дастрасӣ ба сомонаҳои интернетии васоити ахбори умум

ҳеҷ муносибате надорад.

«Маъмулан дар қатъи дастрасӣ ба сомонаҳо Хадамоти алоқаро гунаҳкор медонанд, вале Хадамоти мо ба ин ҳеҷ муносибате надорад», – иброз дошт ӯ.

Қаблан низ Омбудсмен доир ба

зарурати андешидани чораҳо

нисбати ширкатҳои фароҳамсози интернет, ки бидуни санади расмӣ дастрасӣ ба сомонаҳоро қатъ мекунанд, изҳори назар карда буд.

МЕДИА (Youtube Embed)