Мутасаддиёни вилоятӣ чӣ мегӯянд?
Дар Хатлон 28 мактаби санъати мусиқӣ ва як коллеҷи санъат фаъолият мекунанд, ки шумораи имсолаи муҳассилини онҳо ба 4 ҳазору 608 ва омӯзгорон ба 289 нафар баробар аст.
Ба гуфтаи Савсан Шарифова, муовини сардори Раёсати фарҳанги вилоят, фаъолияти мактабҳои санъат ба талаботи замон ҷавобгӯ набуда, аксарашон таъмирталаб ҳастанд, ё дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. «Танҳо мактаби санъати шаҳри Қӯрғонтеппа, ки соли 2014 аз нав сохта шуд, ин камбудиҳоро надорад», – афзуд ӯ.
«Аз сабаби он ки мусиқӣ дар тарбияи кӯдак нақши муассир дорад, дар давлатҳои бузурги дунё таваҷҷуҳ ба мактабҳои мусиқӣ дар мадди аввал аст, – шиква оғоз кард Ҷӯрабой Сангов, мутахассиси Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон оид ба мактабҳои санъати мусиқӣ. – Аммо афсӯс, ки дар мо ин хел нест. Баъзе муассисаҳо ҳатто бинои алоҳида надоранд. Мактабҳои санъати бачагонаи ноҳияҳои Вахш, Абдураҳмони Ҷомӣ, Восеъ кӯҳнаю фарсуда буда, ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Чанд маротиба тариқи оинаи нилгун муроҷиат кардам, ки бинои мактаби санъати бачагонаи Вахш ҳолати бисёр ногувор дорад, вале ҳеҷ кас ба доди мо нарасид».
Аммо ин мушкили ягона нест. Ба қавли Сангов, бинобар таъмин нашудани асбобҳои торию нафасӣ, зарбӣ ва ғайра шогирдон маҷбуранд, ки созҳои кӯҳнаи давраи шӯравиро истифода кунанд. «Агар дар 25 соли Истиқлолияти давлатии кишвар ҳар як мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ақаллан як асбобӣ харидорӣ мекарданд, ҳоло 25 адад мешуд», – афзуд ӯ.
Норасоии муаллимони соҳибтахассус дар мактабҳои санъати мусиқии вилоят ноҷӯрии дигарест, ки ба низоми кори онҳо халали ҷиддӣ мерасонад. Ба гуфтаи мусоҳибонамон, аз 289 омӯзгор фақат 132 нафар маълумоти олии касбӣ доранд. Ин нуктаро Ибодат Ғафурова, сарвари муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон низ тасдиқ карда, афзуд, ки «дар мактабҳои баъзе шаҳру навоҳӣ аз сабаби нарасидани муаллимон дарси сурудро омӯзгорони фанҳои дигар мегузаронанд».
Ранг бину ҳол пурс
Ин мушкилот ҳангоми боздиди мо аз мактаби санъати мусиқии ноҳияи Вахш ва суҳбати телефонӣ бо сарварони дигар муассисаҳои фарҳангии вилоят тасдиқи худро ёфтанд.
«Шароит он қадар хуб нест, – изҳор дошт Хуршед Миралиев, сарвари мактаби санъати мусиқии ноҳияи А.Ҷомӣ. – Камбудии асосӣ нарасидани асбобҳои торӣ, нафасӣ ва аз давраи шӯравӣ то ҳол таъмири хуб нашудани бинои таълимӣ мебошад».
«Омӯзгорон намерасанд, синфхона кам ва бинои мактаб кӯҳна аст», – гуфт Ҳусейн Ғайратов, сарвари мактаби санъати ноҳияи Балҷувон.
Бо дидани вазъи мактаби бачагонаи санъати ноҳияи Вахш мақоли «ранг бину ҳол пурс» ба ёд омад. Сарвари ин муассиса Абдурауф Файзуллоев нигоҳҳои кунҷковонаи моро пайхас карда, чунин гуфт: «Шогирдони мо бо чунин асбобҳои кӯҳна чӣ хел мусиқӣ омӯзанд? Чанд маротиба ба мудири фарҳанги ноҳия пешниҳод кардем, ки барои мо созҳои нав харидорӣ кунанд, вале то имрӯз натиҷаашро надидем. Нарасидани асбоб як тараф, проблемаи асосии мо садамавӣ будани бинои мактаб аст».
«Хонандагони мо аз созҳои аврупоии скрипка, флейта ва кларнет танқисӣ мекашанд, – иброз дошт сарвари Коллеҷи санъати мусиқии шаҳри Кӯлоб Зафар Шеров. – Барои шуъбаҳои фортепиано ва скрипка мутахассис надорем. Бинои коллеҷро ҳар сол ба қадри имкон таъмир мекунем, аммо азбаски кӯҳнасохт аст, зуд ба ҳолати пешинааш бармегардад. Аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят донишҷӯ қабул мекунем, вале афсӯс, ки онҳоро бо ҷойи хоб таъмин карда наметавонем».
Алами ҳунармандон
Ин ноҷӯриҳоро санъатшиносон чӣ гуна қабул доранд? Ҳунарманди мардумии ҶТ, сарояндаи мумтоз Амриддини Кабир дар ин хусус чунин гуфт: «Ҳар чизе, ки дар хурдсолӣ аз худ мешавад, як умр дар хотири инсон мемонад. Таҳкурсии мусиқӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ гузошта мешавад. Вале, мутаассифона, ҳоло масъулони ин муассисаҳо ба фанни мусиқӣ таваҷҷуҳ надоранд. Илова бар ин, пеш дар ҳар як мактаб маҳфилҳои омӯзиши мусиқӣ вуҷуд дошт…».
«Ба дарси мусиқӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ беэътиноӣ зоҳир мешавад, ки ин барои ояндаи фарзандони мо хуб нест, – изҳор дошт Мавлуда Раҷабова, корманди Раёсати фарҳанги вилоят. – Масалан, ман ҳар чизе, ки омӯхтам, дар мактаби миёна омӯхтам. Пешниҳод мекунам, ки ақаллан ҳамон маҳфилҳои омӯзиши мусиқӣ дигарбора ташкил шаванд».
Дар мактаби Қӯрғонтеппа вазъ беҳтар аст
Бо вуҷуди мушкилот фаъолияти мактабҳои санъати мусиқии шаҳру навоҳии Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Норак, Ёвон, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Фархор ва Муъминобод нисбатан беҳтар роҳандозӣ шудааст. Ба гуфтаи Ҷӯрабой Сангов, дар мактаби санъати бачагонаи мусиқии шаҳри Қӯрғонтеппа аз ҳама бештар – 38 омӯзгор ба 390 таълимгиранда нозукиҳои навохтани рубоб, ғиҷак, дойра, чанг ва дигар созҳои мусиқиро меомӯзанд.
«Мактаби мо бо ҳама навъи мизу курсиҳои замонавӣ ва дигар ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз шудааст, – гуфт ҷонишини сарвари ин муассиса Маҳмадризо Ашӯров. – Толибилмон дар ҳама чорабиниҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ ширкати фаъол варзида, ҳамеша аз тарафи мақомоти маҳаллӣ баҳои баланд мегиранд. Дар соли хониши 2015-2016 мо 390 хонанда қабул кардем, ки нисбат ба солҳои пеш зиёд мебошад. Таваҷҷуҳи мардум ба санъати мусиқӣ афзудааст. Ба ҷуз сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа, ба мо аз ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Хуросон ва Ҷалолиддин Балхӣ низ муроҷиат мекунанд».
«Солҳои пеш дар як синфхона то 10-15 талаба доштем. Имсол аз 15 то 20-нафарӣ қабул кардем», – афзуд Бозорбой Одинаев, омӯзгори синфи овозхонии мактаби санъати шаҳри Қӯрғонтеппа.
«Се фарзандам дар мактаби мусиқии шаҳр таҳсил мекунанд. Ин боиси ифтихор аст. Аз он ки дар кӯча ба ҳар кори нолозим машғул шаванд, касб омӯзанд, сад бор беҳтар аст», – ба суҳбат пайваст сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Ғоибназар Ҳайдаров.
Ояндаи норӯшан
Мактабҳои мусиқии вилояти Хатлон дар гузашта ба хазинаи тиллоии фарҳанги Тоҷикистон беҳтарин сарояндагону навозандагонро эҳдо кардаанд. Аммо вазъи кунунии онҳо барои пайдо шудани ситораҳои нав оё мусоидат карда метавонад? Ин мушкили ҳалталаб аз масъулини Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва ҳукуматҳои шаҳру навоҳии вилоят таваҷҷуҳи бештар мехоҳад.