Дар маркази ноҳияи Данғара бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими тантанавии ифтитоҳи маҷмааи муҳташами варзишӣ баргузор шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сохтмони маҷмааи варзишӣ моҳи марти соли 2012 оғоз гардида, барои бунёди иншооти муосири соҳаи варзиш наздики 100 миллион сомонӣ ҷудо гардида буд.
Гуфта мешавад, маҷмаа аз 4 ошёна иборат буда, масоҳати умумии майдони он 14 ҳазору 253 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва он аз толорҳои баргузории мусобиқаҳои намуди гуштин, каратэ, гуштини тарзи дзюдо ва гимнастика, толори калони варзиши универсиалӣ бо 2 ҳазору 148 ҷой нишаст барои тамошобинон, утоқҳои кори мураббиён ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст.
Зимни шиносоӣ аз шароити муҷтамеи варзишӣ, сарвари давлат бозии дастаҳои варзишии ноҳияро тамошо карда, ифтитоҳи ин маркази бошукуҳи варзиширо ба онҳо муборакбод намуд ва ба сифати кори сохтмончиён баҳои арзанда дод.