Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Мо назди худ мақсад гузоштем, ки ба масъалаи то кадом андоза донистани забон аз ҷониби худамон каме рӯшанӣ андозем ва то ҷое маълум шуд, мо онро ҳар кас ба таври худ медонем…
Назарсанҷӣ дар мавриди то кадом андоза донистани забони тоҷикӣ миёни сокинон ва меҳмонони пойтахт гузаронида шуд. Мо ба пурсидашудагон пешниҳод кардем, ки калимаҳои оддиро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кунанд. Вале маълум шуд, ки танҳо дар назар онҳо калимаҳои оддӣ будаанду дар асл бошад, бисёре аз онҳоро маъмулан ба забони гуфтугӯйи худашон баргардониданд ва гӯё тарҷумаи адабии онҳоро бори нахуст мешунидаанд.
Чанде аз калимаҳои серистеъмоли русӣ дар забони тоҷикӣ байни мардум тарҷума надошта, ҳамон шакли маъмулии русиаш истифода мешавад. Масалан, калимаҳои «уже», «короче», «все равно», «просто» ва ғайра. Шумо ин калимаҳоро чӣ гуна тарҷума мекунед?