Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Даниел Рустамови тоҷикистонӣ Х-факторро тасхир кард - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Даниел Рустамови тоҷикистонӣ Х-факторро тасхир кард

Радиои Озодӣ

Даниел Рустамов, сокини бистсолаи Душанбе, нерӯи овозхонии худро дар даври аввали барномаи X-Factor-и Украина санҷид ва аз ҳамаи доварони барнома баҳои аъло гирифт. Ӯро ба камияш ду даври дигари мушкил дар пеш аст.

МЕДИА (YOUTUBE)

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин нахустин бор аст, ки як ҷавони тоҷик дар барномаи X-Factor иштирок кардааст ва видеои ҳунарнамоии ӯ дар Интернет бо даҳҳо шарҳи ифтихоромез ҳамроҳ аст. Саҳнаи ҳунарнамоии Даниел шоми 8 октябр тариқи телевизиони Украина намоиш дода шуд.

Тасодуфан рӯзе як нафар ба ман навишт, ки оё мехоҳам дар барномаи X-Factor-и Украина ҳунарамро намоиш диҳам? Розӣ шудам ва ҳамин тавр орзу маро то Киев бурд

Даниел Рустамов 9 октябр дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз Маскав гуфт, даври аввали барнома моҳи июли имсол сабт шуда ва баъди бандубасташ тоза намоиш дода шудааст. Ӯ гуфт, барои санҷидани истеъдоди овозхонӣ ва боло будани обрӯи Тоҷикистон то Украина рафт ва хост нишон диҳад, ки тоҷикон фақат муҳоҷири корӣ нестанд ва набояд ба онҳо бо чашми ҳақир нигарист. Доварони барномаи X-Factor низ гуфтаанд, ки Даниел ба ҳадафаш наздик шудааст.

"Бори аввал ба Маскав барои таҳсил омадам. Ҳамдарсонам аз ман пурсиданд, ки куҷоӣ ҳастам? Вақте гуфтам аз Тоҷикистон, безеб нигоҳ карданд", – нақл кард Даниел. Ӯ мегӯяд, баъд аз ин чанд бор талош кард дар барномаи истеъдодҳои Русия иштирок кунад, аммо дархости ӯро ба назар нагирифтаанд. "Тасодуфан рӯзе як нафар ба ман навишт, ки оё мехоҳам дар барномаи X-Factor-и Украина ҳунарамро намоиш диҳам? Розӣ шудам ва ҳамин тавр орзу маро то Киев бурд", – афзуд ӯ.

Рустамов соли дувум аст, ки дар Донишкадаи давлатии ҳунарҳои Маскав таҳсил мекунад ва дар барномаи X-Factor таронаи Radioactive аз гуруҳи Imagine Dragons-ро иҷро кард. Константин Меладзе, яке аз доварони барнома гуфт, дар аввал фикр кард, як сарояндаи оддист, ки таронаи оддӣ иҷро мекунад, "аммо дар идома ҷозибае дорад, ки туро ба сӯи худ мекашад". Даниел ҳам мегӯяд, бисёр орзу дошт, рӯзе дар ҳузури Констанин Меладзе тарона иҷро кунад ва ин фурсат барояш даст додааст.