Дар аксари кишварҳо санаи 9 октябр Рӯзи ҷаҳонии почта ҷашн гирифта шуд. Маҳз ҳамин рӯзи соли 1874 дар шаҳри Берн (Швейтсария) аз ҷониби намояндагонии 22 кишвар Шартномаи Берн ба имзо расид, ки ба таъсиси Иттифоқи генералии почта асос гузошт.
Аз ин пештар, 1 майи соли 1840 дар почтамти Лондон бори нахуст дар ҷаҳон маркаҳои почтавӣ ба фурӯш бароварда шуданд.
Таърихи почта ва маркаҳои почтавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду давраи рушди алоқа тариқи почтаро дар бар мегирад, ки аз давраҳои шӯравӣ ва соҳибистиқлолӣ иборат аст.
Муомилоти маркаҳои мустақили почтавии Тоҷикистон аз соли 1992 шурӯъ шуда, то замони соҳибистқлолӣ маркаҳои марбут ба таъриху фарҳанг, иншооти ҷуғрофӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар ҳам дар маркаҳои алоҳида ва ҳам дар силсилаи маркаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ нашр шудаанд.