Охири ҳафтаи гузашта дар назди бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Намоиши VI байнулмилалии «Китоби Душанбе» доир гардид.
Дар гӯшаҳои гуногун маҳсулоти чопии натанҳо ноширони тоҷик, балки китобҳои ташкилоту марказҳоии фарҳангии Русия, Эрон, Туркия, Фаронса, Озарбойҷон, Туркманистон ва дигар кишварҳо низ ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Ҳадаф аз чорабинии мазкур тарғиби мероси адабии Тоҷикистон, намоиши дастовардҳои ноширони миллӣ тӯли солҳои истиқлолият ва ҳамчунин шиносоии наздики аҳолии кишвар, бахусус ҷавонон бо адабиёти чопии ҷаҳон аст.
Дар чорабинӣ маросимҳои муаррифии асарҳо бо иштироки муаллифон ва ҳамчунин намоиши дигар навъҳои маҳсулоти полиграфӣ баргузор шуд. Тибқи мушоҳидаҳо, шахсоне, ки ба тамошои намоиш омада буданд, бештар бо китобҳо шинос шуда, вале аз харидани он худдорӣ мекарданд.