Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Маросими ёдбуди марги тифли тоҷик дар Петербург - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Маросими ёдбуди марги тифли тоҷик дар Петербург

Asia-Plus

Сокинони шаҳри Санкт-Петербург шоми дирӯз дар майдони Марсово гирдиҳам омаданд, то ки маросими ёдбуди марги тифли тоҷик Умаралӣ Назаровро баргузор кунанд.

Дар ин ҳамоиш 30 нафар ширкат варзида, ба хотири тифл бо номи «Умаралӣ»шамъ фурӯзон карданд. Расо як сол қабл тифл дар маркази эҳёгарии ба номи Симбалин фавтида буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бино ба иттилои хабарнигори «Росбалт», дар ин маросим вакили Маҷлиси қонунгузорӣ Борис Вишневский ширкат варзидаааст. Иштирокдорони аксия хотиррасон намуданд, ки як сол пеш «ҷинояти одамхӯрӣ» содир шуда, гунаҳкорони он то ҳол пайдо нашудаанд. Фаъолон ҳамчунин аз он нигаронӣ изҳор намуданд, ки аксаран ҳуқуқҳои сокинони кишварҳои наздик ба Русия тамоман риоя намешаванд ва ҳатто шахси комилан солим низ дар Русия нобуд шуда метавонад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Шабакаи НТВ дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки гирдомадагон чунин изҳори назар кардаанд, ки дар Петербуг таҷрибаи нонавиштаи аз муҳоҷирон кашида гирифтани кӯдакон вуҷуд дорад.

Борис Вишневский, вакили Маҷлиси қонунгузори Санкт-Петербург изҳор доштааст, ки «бисёр вақтҳо занон бидуни ҳуҷҷатҳо барои кӯдакон бо онҳо ба кӯчаҳо мебароянд, лекин ин маънои онро надорад, ки кӯдаконро аз онҳо мебояд гирифт».

«Ҷомеа бояд аз ин ба даҳшат меомад ва ҳамаҷониба талош меварзид, ки чунин ҳодиса дигар такрор нашавад, вале мутаассифона, чунин нест. Модарро бо ҷасади кӯдак хориҷ карданд. Тифлро он ҷо таъҷилан ба хок супурданд. Ба гумонам ташхиси такрорӣ аллакай ғайриимкон аст. Ва ҳеҷ касе муҷозот нашуд. Ҳеҷ кас. Ҳеҷ кас барои як инсони хурдакак ҷавоб нагуфт», – қайд кардааст Вишневский.

Ёдрас мекунем, ки кӯдаки 5-моҳаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон Заррина Юнусова ва Рустам Назаров – Умаралӣ Назарови 5-моҳа ҳангоми рейди кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират дар шаҳри Санкт-Петербург субҳи рӯзи 13 октябри соли 2015 аз модараш гирифта шуда, баъди чанд соат аз ҷониби кормандони пулис ба бемористони кӯдаконаи ба номи Симбалин фиристода шуд ва нимашаби ҳамон рӯз дар ин бемористон фавтид. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Дар ҷараёни санҷиши хидматӣ ВКД ба хулоса расид, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин ҳолат аз рӯи қонун амал кардаанд, вале дигар ниҳодҳо мақомоти пулисро дар ин ҳодиса гунаҳкор донистанд.

Ғайр аз ин, нахуствазири Русия ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ваъда дода буд, ки ҳодисаи марги кӯдаки тоҷик дақиқан мавриди тафтиш қарор дода хоҳад шуд.

Моҳи майи соли равон «Новая газета хабар дода буд, ки суди Невскии шаҳри Санкт-Петербург беамалии мақомоти тафтишот дар ҷараёни таҳқиқи марги тифли панҷмоҳа аз Тоҷикистон Умаралӣ Назаровро ғайриқонунӣ эътироф кард.