Дар Театри лӯхтак бо ибтикори Ҷамъияти Пушкини Тоҷикистон барномаи нави «Мутолиаи романи «Евгений Онегин» баргузор шуд, ки аз ҷониби толибилмони мактабҳои шаҳри Душанбе ва донишҷӯёни макотиби олии ҷумҳурӣ таҳия гардида буд.
Даҳ нафар аз толибилмону донишҷӯён, ки дар чандин озмунҳо муваффақона ширкат варзидаанд, аз ин романи машҳури Пушкин порчаҳо қироат намуда, ҳамчунин дар фосилаи вақти қироатҳои онҳо аз операи ҳамноми оҳангсоз Петр Чайковский порчаҳои мусиқӣ садо доданд.
Ҳамаи толибилмону донишҷӯён намояндагони миллати маҳаллӣ – тоҷикон буда, таваҷҷуҳи онҳо ба забони Пушкину Чехов намунаи ибрати муҳаббат ва писандидани адабиёти рус дар замони мост.
Баргузории барномаи навбатии Ҷамъияти Пушкин аз ҷониби Фонди таҳқиқоти авросиёӣ, Ташкилоти ҷамъиятии кӯдаконаи «ЗАРА», минтақаи истироҳати ш. Норак – ҶДММ «Акваклуб» дастгирӣ ёфта, дар хотими чорабинӣ ба ҳамаи иштирокдорони он туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Ба қавли раиси Ҷамъияти Пушкин, омӯзгори мактаби миёнаи №56-и шаҳри Душанбе Татяга Герман, оянда онҳо ният доранд, ки ба ҳамин монанд чорабиние бахшида мутолиаи асари «Капитанская дочка»-ро баргузор кунанд.