Камғизоӣ ва норасоии витамину минералҳои зарурӣ дар хӯрокворӣ пайомадҳои ногувор дошта, боиси камхунию камвазнӣ, бемадорию нотавонӣ, ақибмонии рушди ақлонию ҷисмонӣ, инчунин фавти беш аз 7500 кӯдаки тоҷикистонӣ дар як сол мешавад. Барои ҳалли ин мушкилот ғанигардонии ғизо ё илова кардани микроэлементҳои муфид ба маҳсулоти асосии хӯрокворӣ воситаи бехатар ва самарабахши беҳсозии вазъи сиҳатии ҷомеа арзёбӣ мешавад.
Таъсири иҷтимоиву иқтисодӣ
Тибқи пажуҳиши Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) «Беҳсозии натиҷаҳои иқтисодӣ тавассути густариши барномаҳои ғизоӣ дар Тоҷикистон», ки соли 2012 интишор шудааст, камғизоӣ яке аз мушкилоти нигаронкунандаи низоми тандурустии кишвар боқӣ монда, сабаби фавти модарону кӯдакон аз бемориҳои пешгиришаванда ва ақибмонии духтарону писарон аз ташаккули ҷисмонию ақлонӣ мегардад. Ғизои номукаммал сабабгори 35 дарсади фавти кӯдакони то панҷсолаи тоҷикистонӣ шуда, ҳамасола беш аз 7500 тифли ҳамин синну солро аз байн мебарад.
Пажуҳиши миллии соли 2012 низ муайян кардааст, ки норасоии микроэлементҳои ғизоӣ дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти назаррас буда, 24 дарсади занони синни репродуктивӣ ва 29 дарсади кӯдакони то панҷсола аз камхунии сабабаш норасоии оҳан азият мекашанд. Чунин ҳолат имкони сироят ба ангезандаи бемориҳоро афзуда, иқтидори фитрию фикрӣ ва маҳсулнокии инсонро дар давоми умраш коҳиш медиҳад.
Аз рӯйи натоиҷи таҳлили дигаре, ки соли ҷорӣ гузаронида шудааст, вазъи ногувори ғизоӣ барои кишвар пайомадҳои манфии дарозмуддати иқтисодӣ низ дошта метавонад. Зимнан муайян шудааст, ки ғанигардонии ғизо бо хароҷоти нисбатан кам имкони ба даст овардани даромади зиёдро фароҳам меорад.
Аз ин бармеояд, ки вақте аҳолии кишвар миқдори зарурии витамину минералҳоро аз навъҳои мавҷудаи хӯрокворӣ дастрас карда наметавонанд, ғанигардонии ғизо бо микроэлементҳои барои саломатӣ муфид роҳҳали самарабахши ин мушкилот аст. Сарфи назар аз кӯшишҳои қаблӣ ҷиҳати роҳандозии барномаи ғанигардонии орди гандумӣ дар Тоҷикистон (солҳои 2002 то 2007), алъон амалисозии чунин ташаббус дар ҷумҳурӣ ба назар намерасад.
Камхунӣ
Бемории камхунӣ бештар дар байни занону кӯдакон ба назар расида, табибон норасоии микроэлементи оҳанро сабаби аслии пайдоиши он арзёбӣ мекунанд. Профессори илми тиб Абдусалом Воҳидов мегӯяд: «Агар дар Тоҷикистон солона 250-260 ҳазор кӯдак таваллуд шавад, ҳамин теъдод занон ва ҳатто бештар аз он ҳомиладор мешаванд. 77% -и занҳои ҳомиладор ба бемориҳои гуногун гирифтор мешаванд, аз ҷумла, 63%-и онҳо аз камхунӣ азият мекашанд, ки сабабаш норасоии оҳан дар бадан аст».
Микроэлементи оҳан барои сиҳатии инсон нақши муҳим дорад. Бар асари норасоии он зани ҳомила гирифтори бемории хунравӣ мешавад, ки ин ба саломатӣ хавфи зиёд дошта, боиси фавти ӯ низ шуда метавонад.
Тибқи арзёбии мутахассисон, зиёда аз 80%-и кӯдаконе, ки аз занони камхун ба дунё меоянд, гирифтори ин беморӣ мешаванд, зеро дар хуни онҳо гемоглобин нокифоя аст. Сабаби дигар камии гемоглобин дар шири модар аст.
Камвазнӣ
Бемории дигаре, ки аз сабаби норасоии микроэлементи оҳан кӯдаконро азият медиҳад, камвазнӣ аст. Ба гуфтаи табибон, аксари кӯдакони тоҷик мубталои ин бемориянд. Агар як омили ба он гирифтор шудани кӯдак ирсият бошад, сабаби дигараш пайдоиши кирм дар бадани тифл аст.
«Агар кӯдак беш аз ду сол умр дошта бошад, дар рӯдаи ӯ кирм пайдо мешавад, чунки ҳар гуна бозичаву лӯхтак, ё меваи ношуставу амсоли онро ба даҳон мебарад. Мо дар натиҷаи гузаронидани тадқиқот маълум кардем, ки 46%-и кӯдакони Тоҷикистон гирифтори як намуд кирм ҳастанд. Ҳамзамон дар меъдаю рӯдаи 24%-и хурдсолони кишвар ду намуд ва дар бадани қариб 10%-и онҳо се намуд кирм мавҷуд аст. Дар натиҷа кӯдакон лоғар шуда, ақлану ҷисман аз ҳамсолон ақиб мемонанд», – иброз дошт профессор Воҳидов.
Ба гуфтаи ӯ, чурраи сутунмуҳра (спина бифида) бемории дигарест, ки аз сабаби норасоии микроэлементҳо, аз ҷумла, туршии фолиевӣ дар организми модар ва кӯдак пайдо мешавад. Солона дар Тоҷикистон то 250 кӯдаки навзод бо яке аз намудҳои нокифоя инкишоф ёфтани найчаи мағзи сар ба дунё меоянд, ки як намуди он чурраи сутунмуҳра аст.
1000 рӯзи муҳим барои тифл
Норасоии витамину минералҳои зарурӣ ба ҳамаи гурӯҳҳои сину солашон гуногун таъсир мерасонад, аммо кӯдакон ва занони синни репродуктивӣ аз ҳама бештар осебпазир мебошанд. Аз сабаби норасоии микроэлементҳои ғизоӣ онҳо аз тамоми имконоту қобилиятҳои худ ҳамчун хонанда, модар, коргар ва шаҳрванд комилан бархурдор шуда наметавонанд. Равзанаи имконият барои беҳсозии ғизо хурд аст – аз замони қабл аз ҳомиладорӣ то ду соли аввали ҳаёт – 1000 рӯзи муҳим, чунки зарар ба рушди ҷисмонӣ ва ташаккули мағзи сар, ки дар ҳамин давра рух медиҳад, ҷиддӣ ва дар аксар ҳолат якумрию бебозгашт аст.
«Дар ин муддат ғизогирии кӯдак ба модар вобастагии зиёд дорад ва пеш аз ҳама бояд модар бо хӯроквории зарурӣ таъмин бошад. Тадқиқоти соли 2012 нишон дод, ки дар Тоҷикистон 26%-и кӯдакони то панҷсола қадпаст ҳастанд. Мо бояд то дусолагии кӯдакон ба пешгирии пайомади норасоии микроэлементҳо диққати ҷиддӣ диҳем, ҳам дар сиёсати давлатӣ ва ҳам дар барномаҳое, ки амалӣ мешаванду хоҳанд шуд», – изҳор дошт Шералӣ Раҳматуллоев, Сардори Раёсати хизматрасонӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифи иҷтимоии аҳолии ҶТ.
Шири модар сарчашмаи ҳаёти кӯдак аст
Пизишкон шири модарро манбаъи асосии ғизои кӯдак дониста, пешниҳоди онро то дусолагӣ ҳатмӣ мешуморанд. Шералӣ Раҳматуллоев мегӯяд, ки имрӯз на ҳамаи модарон аз аҳамияти синамаконӣ огоҳанд ва аксаран ба ҷойи шири худ ҳар гуна ғизоҳои бегонаро медиҳанд, ки ин ба рушди кӯдак таъсири манфӣ мерасонад.
«Вақте соли 2012 дар миёни мардум тадқиқот гузаронидем, маълум шуд, ки 34%-и модарон ба кӯдаконашон танҳо шири худро медиҳанд, вале 39%-и дигар дар баробари шири модар об ҳам медиҳанд. Вақте аз онҳо сабаби обдиҳӣ ба кӯдаконашонро пурсидем, бисёриҳо гармии ҳаворо асос донистанд. Аммо таъкид мекунам, ки 90%-и шири модар аз об иборат аст ва ҳоҷати обдиҳӣ ба кӯдакон нест. Модарон бояд дар муддати на камтар аз ним соат ба кӯдаконашон сина диҳанд. Зеро шире, ки аввал меояд, асосаш об буда, барои шикастани ташнагии кӯдак аст. Ғизои аслӣ дар таркиби шири пасмеомада аст», – афзуд мутахассис.
Мушкилоти нарасидани йод
Йод аз микроэлементҳоест, ки норасоии он боиси сар задани бемориҳои гуногун, аз қабили ҷоғар, кундзеҳнӣ ва амсоли он мегардад. Ба гуфтаи мутахассисон, дар таркиби ягон навъи ғизои Тоҷикистон йод мавҷуд набуда, танҳо тавассути йодноккунии намак мардумро бо он метавон таъмин кард. Аз ин рӯ, 14 сол пеш Қонуни ҶТ «Дар бораи йоднокгардонии намак» қабул карда шуд. Тибқи он тамоми намаке, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ истеҳсол ва ба фурӯш бароварда мешавад, бояд йоднок карда шавад.
Тоҷикистон захираи бойи намаки ошӣ дорад. Солона барои аҳолии кишвар қариб 40 ҳазор тонна намак лозим аст, лекин захираи намак ба зиёда аз 4 млрд. тонна мерасад. Дар шаҳру навоҳии кишвар ҳоло чандин кон, аз қабили Ёвон, Хоҷамӯъмин ва Ашт намак истеҳсол мекунанд, ки ба гуфтаи ҳолдонон, дар ҳамаи онҳо ба намак йод илова карда мешавад. Вале профессор Абдусалом Воҳидов мегӯяд, ки йодноккунии намак на дар ҳамаи конҳо ва корхонаҳои хурди истеҳсоли он ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст: «Агар дар соли 2003 ҳамагӣ 20%-и аҳолии Тоҷикистон намаки йоднок истеъмол мекард, ҳозир ин нишондод то 80% зиёд шудааст. Аммо дар таркиби намак миқдори йод на ҳама вақт кофӣ аст. Аз рӯйи стандарти тасдиқшуда, ба 1 тонна намак ворид кардани 40 грамм йод лозим аст».
Чӣ бояд кард?
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, ҳамасола дар кишвар аз 2800 то 3000 кӯдак бо нуқси модарзодӣ таваллуд мешавад, ки яке аз сабабҳояш норасоии витамин ва минералҳо мебошад. Коршиносон барои пешгирии нокифоятии микроэлементҳо дар бадани кӯдакон роҳҳои гуногуни ғанигардонии ғизоро тавсия медиҳанд. Агар як роҳаш йодноккунии намаки ошӣ бошад, роҳи дигараш ғанигардонии орди гандумӣ дониста мешавад.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Гулбаҳор Ашӯрова иброз дошт, ки норасоии микроэлементҳо дар ғизо боиси гирифторӣ ба бемориҳои зиёд мешавад, аз ин рӯ, сайъ бояд кард, то ғанигардонии орд дар Тоҷикистон ба роҳ монда шавад. Ба гуфтаи ӯ, аллакай лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ғанигардонии орд» таҳия гардида, барои баррасӣ ба парлумону ҳукумати кишвар пешниҳод шудааст ва то охири соли ҷорӣ қабул кардани он дар назар аст.
Ҳамзамон профессор Абдусалом Воҳидов бар ин назар аст, тавассути ғанигардонии орд имкони ба ғизои мардум илова кардани якчанд микроэлемент, аз қабили оҳан, туршии фолиевӣ ва витаминҳои гурӯҳи В вуҷуд дорад. Номбурда зимни шарҳи зарурати ғанигардонии орд ва намак гуфт: «Як нафар дар ҷумҳурии мо тӯли як шабонарӯз 350 грамм орд ё маҳсулоти ордӣ ва 8-12 грамм намак истеъмол мекунад, аз ин рӯ, ғанигардонии ин ду маҳсулот бо микроэлементҳо муфидтар аст».
Табибон мегӯянд, ки ҷисми инсонро боз метавон тавассути маҳсулоти доруворӣ бо витамин ва минералҳои зарурӣ таъмин кард, ки нисбатан гаронарзиш буда, на ҳар кас ба онҳо дастрасӣ дорад.
Аз гуфтаи коршиносон ва нишондодҳои оморӣ бармеояд, ки бо вуҷуди кӯшишҳои мақомоти кишвар ва созмонҳои байнулмилалӣ, кӯдакон ва модарони тоҷик то ҳол аз нокифоятии маҳсулоти серғизо танқисӣ мекашанд. Агар як сабаби гирифтории кӯдакон ба бемориҳои марбут ба норасоии микроэлементҳо сатҳи пасти зиндагии мардум ва буҳрони молиявии кишвар бошад, омили дигари онро ҳолдонон ба ноогоҳиву беаҳамиятии волидайн ва аҳли ҷомеа рабт медиҳанд. Аз ин рӯ, дар баробари ҳалли мушкилоти иқтисодӣ, сафарбарсозии имконоти дохилӣ ва ҷалби кӯмакҳои байнулмилалӣ ҷиҳати ғанигардонии ғизо, баланд бардоштани маърифати мардум аз роҳҳои самарабахши рафъи мушкилоти ҷойдошта маҳсуб мешавад.
Навори зер оид ба таъсири мусбати хӯроквории босифат дар таҳияи Алянси глобалӣ барои беҳдошти ғизо (GAIN).