Санаи 2 ноябр дар шаҳри Ростови лаби Дон яке аз маъруфтарин масхарабозони замони шӯравӣ – Олег Попов аз олам даргузашт. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ӯ ба Олмон рафта, дар Аврупо кор мекард.
Соли 2016 бори нахуст баъди чандин сол Попов бо сафари ҳунарӣ ба Русия ташриф овард. Навори видеоӣ аз шаҳри Ростови лаби Дон, ки яке аз тамошобинон сабт кардааст, ҳунарнамоии охирини ҳаҷвнигор дар саҳна аст.