Дар Тоҷикистон навъҳои зиёди ангур мерӯяд ва ҳар навъи он лаззати ба худ хос дорад. Иқлим ва обу ҳавои кишварамон барои парвариши навъҳои гуногуни ангур хеле мусоид аст. Ҳоло дар Тоҷикистон қариб 300 навъи ангур мавҷуд аст, ки 110-тои он навъҳои маҳаллианд.
Ангур барои саломатии инсон давои бебаҳост. Дар шароити Тоҷикистони офтобӣ ангур 20-25 дарсад қандҳои табобатӣ ҷамъ меоварад. 1 килограмм кишмиш 3200 килокалория дорад, ки нисбат ба 1 килограмм гӯшти гов фоиданокиаш беш аз ду баробар аст.
Гузориши тасвирии навбатии мо аз маъракаи ҷамъоварии охирин ҳосили ангур дар яке аз хоҷагиҳои шаҳри Турсунзода.